Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай ба аёдати маҷрӯҳони таркиши Кобул рафт


Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, баъди бозгашт аз Аврупо ба Кобул ба аёдати афроде рафт, ки рӯзи сешанбе бар асари ҳамлаи интиҳорӣ дар маросими Ошуро ҷароҳат бардоштаанд.

Бар асари ин ҳамла дар пойтахти Афғонистон дастикам 55 нафар аз шиамазҳабҳо кушта ва беш аз 160 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар ҳамин гуна таркиш дар шаҳри Мазори шариф 4 нафар ҷон бохтанд.

Таркиш дар Кобул маргбортарин ҳамла алайҳи шиамазҳабҳои афғон дар солҳои ахир буд.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи Лашкари Ҷангии мустақар дар Покистон бар ӯҳда гирифтааст. Аймал Файзӣ, сухангӯи Карзай ба хабаргузории Франс Пресс гуфт, сарвари давлат аз ҳукумати Покистон тақозо кардааст, ки барои муҷозоти созмондиҳандагони ин ҳамлаҳо чора андешанд.

Аз ин талаби Кобул вазорати умури хориҷии Амрико ҳам пуштибонӣ кард.

Дар ҳамин ҳол Абдул Басит, сухангӯи вазорати умури хориҷии Покистон изҳор намуд, Исломобод мехоҳад, ки Кобул далелҳои дар ин ҳодисаҳо даст доштани гурӯҳи Лашкари ҷангиро дар ихтиёраш гузорад.
XS
SM
MD
LG