Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Башор Асад: "Ман гунаҳкор нестам!"


Башор Асад
Башор Асад
Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия, иттиҳомеро, ки гӯё ӯ барои сӯи ҳазорон эътирозгарон оташ кушодан амр додааст, қатъӣ рад намуд ва гуфт, фақат ноқисулақл барои куштори мардумаш ҷуръат мекунад.

Дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии амрикоии АВС Асад изҳор намуд, ки ягон амри тирборони мухолифин содир нашудааст. Ӯ афзуд, ки нерӯҳои амниятии Сурия таҳти фармони ҳукуматанд ва на зери итоати раисиҷумҳур.

Ба иттилои СММ, бар асари саркӯбсозии эътирозҳо бо талаби истеъфои Башор Асад, ки тайи тақрибан нӯҳ моҳ боз идома доранд, беш аз чаҳор ҳарзор суриягиҳо ба ҳалокат расидаанд. Ва аммо Башор Асад ин рақамро зери шубҳа бурд ва гуфт, ки дар ин ҳаводис бештар ҷонибдорони ҳукумат кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG