Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳандозии сафорати маҷозии ИМА барои Эрон


Рӯзи сешанбе вазорати умури хориҷии Амрико сафоратхонаи маҷозӣ барои Эронро роҳандозӣ кард.

Ин вебсайт бо забонҳои форсӣ ва англисӣ аст ва барои анҷоми корҳои эрониён роҳандозӣ шудааст.

Дар саҳифаи аввали ин вебсайт паёмии видеоии Ҳиллари Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА ҷой дода шудааст ва дар он гуфта мешавад, ки мавҷуд набудани сафорати Амрико дар Теҳрон, монеъи гуфтугӯи шаҳрвандони Эрон ва Амрико шудааст.

Хонум Клинтон дар паёми видеоии худ гуфтааст: «Бо истифода аз фановариҳои рӯз, робита инконпазир аст ва ин муҳит барои гуфтугӯ миёни шаҳрвандони Эрон ва Амрико дар умури сиёсат, фарҳанг ва мардум сохта шуда аст.»

Вазири умури хориҷии Амрико ҳамчунин аз имкониятҳои ин сомона хабар дода ва аз боздидкунандагон хостааст, аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии Твиттер ва Фейсбук андешаҳои худро дар бораи ин вебсайт ва ин, ки чигуна метавон равобит байни мардуми Эрон ва Амрикоро бештар ва беҳтар кард, назарҳои худро пешниҳод намоянд.

Муовини вазорати умури хориҷии Амрико дар умури сиёсӣ рӯзи сешанбе ҳини оғози фаъолияти ин сафоратхонаи маҷозӣ гуфт: «Мо мехоҳем ба сурати мустақим бо мардуми Эрон робита барқарор кунем. Мо мехоҳем ҳама мардуми Эрон, хусусан ҷавонон дар дохили Эрон бидонанд, ки ИМА ба мардуми Эрон ва тамаддуни амиқи онҳо эҳтиром қоил аст.»

Муовини вазири умури хориҷии Амрико афзуд: «Мо хоҳони афзоиши донишҷӯёне ҳастем, ки барои таҳсил ба Амрико меоянд ва мехоҳем боварӣ ҳосил кунем, ки донишҷӯёни бештаре аз Эрон ба Амрико меоянд.
Дар ин вебсайт бахше барои маълумот дар мавриди гирифтани виза ва ё имкони таҳсил дар ИМА ҷой дода шудааст.

Вазири умури хориҷа дар суханони худ гуфтааст, ки фановариҳои рӯз ин иҷозаро медиҳад, ки гуфтугӯ ва дарки бештар ва болотар нисбат ба ҳам дошта бошем.

Сафорати Амрико дар Теҳрон баъд аз инқилобии исломии Эрон ва қазияи гаравгон гирифтани 52 дипломати амрикоӣ дар соли 1981 баста шуд.
XS
SM
MD
LG