Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Троблус халъи силоҳ мешаванд


Мақомоти Либия тасмим гирифтанд, ки то охири сол сокинони шаҳри Троблусро халъи силоҳ кунанд.

Раиси шӯрои пойтахт Абду Рафиқ Буҳаҷар иқрор кард, ки баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дар дасти мардум ҳазорҳои мил силоҳ боқӣ мондааст, ки барои амнияти ҷамъиятӣ хатар эҷод мекунад.

Ҳамчунин чанд гурӯҳи ошӯбгарон аз дигар шаҳрҳо, ки бо ҷонибдорони Қаззофӣ меҷангиданд, дар пойтахт боқӣ мондаанд. Чанд рӯз сокинони Троблус ба нишони эътироз алайҳи ҳузури онҳо чанд хиёбонро бастанд.

Қарор аст, ки ин нерӯҳо то 20 декабр аз пойтахт берун карда шаванд.
XS
SM
MD
LG