Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон аз дурбини суратгири ҷавон ва солманд


Нозим Қаландаров

Бо он чӣ аз дурбини ин ду ҳунарманд гузаштааст, мешавад, таърихи навтарини Тоҷикистонро ба намоиш гузошт.

Суратҳои куҳна хотираҳоро зинда мекунанд. Ин аксҳо лаҳзаҳои дуреро дар чаҳоркунҷаи кӯчаки худ аз ҳаракат боздоштаанд. Лаҳзаҳои нотакрореро, ки дигар ҳаргиз наметавон ба онҳо бозгашт.

Аксҳое, ки имрӯз Нозим Қаландаров аз манзараҳои Тоҷикистон ва чеҳраи одамон мебардорад, 30-40 сол баъд ҳамин гуна ба санадҳои таърих табдил меёбанд. Ба гунае, ки имрӯз садҳо акси дар солҳои шӯравӣ бардоштаи устоди ин ҳунар Геннадий Ратушенко ба ёдгориҳое мубаддал шудаанд.

Нозим Қаландаров ба лаҳзаҳои нотакрори имрӯза тамаркуз кардааст ва мегӯяд, мардум дар талоши таъмини рӯзгори худанду ба аксбардориҳои ӯ эътибор намедиҳанд. Вале Геннадий Ратушенко акнун воқеияти имрӯзро бо аксҳои дерина қиёс мекунад ва дигаргуниҳоеро, ки дар 20 соли охир ба вуқӯъ пайваст ба таври барҷаста мебинад.

Ин ду суратгири моҳирро на танҳо таърихи кишвар ба ҳам мепайвандад, балки чашми мушоҳидакор ва талоши дидани чизе, ки дар паси намуди сохтаи зоҳирӣ пинҳон аст. Агар фурсат доред, таърихи Тоҷикистон ва таҳаввули мардумро дар ду даҳаи охир аз шишаи дурбини аккосии як ҳунарманди ҷавон ва як устоди ҳунар дар ин филми кӯтоҳ бубинед:

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG