Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи рақобати Русия ва Амрико дар Тоҷикистон?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Русия аз эҳтимоли интиқоли ҷангафзорҳои НАТО аз Афғонистон ба Тоҷикистон изҳори ташвиш кард.

Пойгоҳи 201-и Русия, мустақар дар Тоҷикистон, пас аз ивази сарбозони даъватӣ ба афсарони ҳирфаӣ, ки ҳудуди севуним ҳазор нафарро ташкил кард, ба размоишҳои низомӣ дар минтақаи кӯҳистони Лоҳур шурӯъ намудааст.

Полковник Ярослав Рошупкин, аз округи марказии низомии Русия, гуфтааст, ҳадафи навсозии ҳайати низомии пойгоҳи 201 ва дар ихтиёри ин артиш додани ҷангафзорҳои мудерн ё муосир мубориза бо шибҳинизомиён дар ҳолати фаъол шудани ин гурӯҳҳо дар минтақаи кӯҳистон аст.

Аммо Дмитрий Матушкин, сухангӯи артиши 201-и Русия гуфт, навсозии артиш ва машқҳои низомӣ ба вазъ дар Тоҷикистону Афғонистон рабт надорад. Ӯ гуфт, “машқҳои низомӣ дар чаҳорчӯби ислоҳот дар артиши Русия ҷараён дорад, ки ҳадаф аз он омӯхтани ҷангафзорҳои ҷадид дар мубориза алайҳи нерӯҳои террористӣ мебошад.”

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:10 0:00
Линки мустақим


Бинои вазорати умури хориҷии Русия
Бинои вазорати умури хориҷии Русия
Ин дар ҳолест, ки Вазорати умури хориҷии Русия эҳтимоли интиқоли ҷангафзори нерӯҳои НАТО аз Афғонистон ба Тоҷикистону Узбакистонро суолбарангез номидааст. Александр Лукашевич, намояндаи расмии Вазорати хориҷаи Русия гуфтааст, Амрико талош дорад ҷангафзорҳои мудерн ва дастгоҳу мошинҳои ҷангиро, ки дар артиши Русия вуҷуд надорад, аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Миёна интиқол диҳад. Ба қавли ӯ, “додани ҷангафзорҳои мудерн ба Тоҷикистон, ки ҳоло Русия дар ин ҷумҳурӣ надорад, ба нафъи Русия нест ва ин робитаи низомии Маскав бо Душанберо коҳиш медиҳад.”

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки расонаҳои ахбори оми Русия мегӯянд, масъалаи интиқоли ҷангафзорҳои НАТО ба Тоҷикистон ва Узбакистон ахиран дар ҷараёни сафари генерал Винсент Брукс, фармондеҳи марказии нерӯҳои пиёданизоми Амрико ба Тошканду Душанбе баррасӣ шудааст. Ва, бино бар навиштаи ин расонаҳо, кишварҳои Осиёи Марказӣ ризояти худро дар ин бора ба Иёлоти Муттаҳида додаанд. Зимни ин доман заданҳои масъала, матбуоти Русия таъкид мекунад, ки бо ин роҳ Вашингтон мехоҳад, дар Тоҷикистон ва Узбакистон пойгоҳҳои худро дуруст намояд.

Аммо мақомоти Амрико, аз ҷумла Роберт Блейк, ёвари вазири хориҷаи ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, ки ахиран бо раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтугӯ дошт, ҳама гуна эҳтимоли ташкили пойгоҳи низомии кишвараш дар Тоҷикистонро рад намуд. Вале масъалаи интиқоли ҷангафзорҳои нерӯҳои НАТО аз Афғонистон ба ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла ба Тоҷикистонро матраҳ накард.

Фаридун Маҳмадалиев, раҳбари дафтари матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон
Фаридун Маҳмадалиев, раҳбари дафтари матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон
Бо вуҷуди ин, Амрико ба Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо пешниҳод кардааст, ки дар Осиёи Марказӣ барои ҳалли танишҳо ва ё мухолифатҳо як гурӯҳи зудамали иқдомкунандаро ташкил диҳад. Ин масъала имрӯз ва фардо дар Вилнюс баррасӣ хоҳад шуд ва қавли масъулони САҲА, пас аз ихроҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон дар соли 2014 арзи вуҷуд кардани ин навъ мухолифатҳо имкон дорад.

Мақомоти олирутбаи Вазорати дифои Тоҷикистон аз додани иттилоъ дар бораи имкони интиқоли ҷангафзорҳо ба Тоҷикистон худдорӣ карданд. Вале Фаридун Маҳмадалиев, раҳбари дафтари матбуоти Вазорати дифоъ гуфт, “дар бораи ин масъала то ба ҳол ягон хел санади ҳуқуқӣ имзо нашудааст ва санаде ҳам вуҷуд надорад, ки ин амалиёт бар асоси кадом ҳамкориҳо сурат хоҳад гирифт.”

Ба андешаи генерал Нуралишоҳ Назаров, собиқ муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбони Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир ҳама кишварҳои абарқудрат талош доранд дар Тоҷикистон ҷои пойи худро ёбанд. Вай мегӯяд, “Русия ва Амрико, ки манфиатҳои худро дар Тоҷикистон дунбол мекунанд, мехоҳанд ҳузури бештар дошта бошанд. Амрико барои ташкили пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон талаб надорад. Ҳадафи Амрико, ҳамчунин Русия, Афғонистон аст ва талош доранд аз тариқи кишварҳои Осиёи Миёна таъсири худ ба Афғонистонро афзун кунанд.”

Генерал Нуралишоҳ Назаров
Генерал Нуралишоҳ Назаров
Ба эътиқоди генерал Назаров навсозии артиши 201-и Русия дар Тоҷикистон ба робитаи Тоҷикистону Русия дар қазияи халабонҳои рус ва гӯиё аз ин тариқ фишор овардан ба Тоҷикистон робитае надорад. Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз ивази сарбозон ба низомиёни ҳирфаӣ танҳо Афғонистон ва имкони хуруҷи нерӯҳои НАТО аз ин кишвар аст, ки метавонад боиси заъфи артиши Афғонистон ва фаъол шудани ҷунбиши Толибон дар ин кишвар шавад, ки барои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа хатар эҷод мекунад.

Дар ҳоле ки бархе дигар аз коршиносон навсозии артиши 201-и Русияро як навъ муқобилаи Русия ба имкони ҳузури ояндаи низомии Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистону Узбакистон медонанд.
XS
SM
MD
LG