Пайвандҳои дастрасӣ

Натоиҷи қуръакашии сабқати гурӯҳии Ҷоми Аврупо-2012


Қуръакашии сабқати гурӯҳии Ҷоми Аврупо-2012 дар пойтахти Укроин - шаҳри Киев доир шуд.

Натоиҷи қуръакашӣ чунин аст:

Гурӯҳи “А” - Русия, Юнон, Лаҳистон, Ҷумҳурии Чех.
Гурӯҳи “В” - Ҳолланд, Олмон, Дания, Поргугол.
Гурӯҳи “С” - Хорватия, Ирландия, Италия, Испания.
Гурӯҳи “D” - Укроин, Шветсия, Фаронса, Инглистон.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Аврупо тобистони соли оянда дар Укроин ва Лаҳистон баргузор хоҳад шуд.

ҶОМИ ИТТИҲОДИ ДАВЛАТҲОИ МУСТАҚИЛ

Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 15-ум то 25-уми январи соли 2012-ум дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешавад. Бар асоси низомнома дар ин мусобиқот дастаҳои мунтахаби ҷавонони соли таваллудашон 1991 ширкат хоҳанд кард. Дар айни ҳол 10 кишвар иштироки худро дар ин мусобиқот тасдиқ кардаанд: Русия, Беларус, Укроин, Литва, Латвия, Эстония, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон.
Инчунин дар ин мусобиқот ширкати дастаҳои мунтахаби ҷавонони Русия ва Финляндия дар назар аст.

ПИРӮЗИИ ДАСТАИ МУНТАХАБИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагиҳо ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2012 дар Қирғизистон чаҳор бозии дӯстона анҷом дод. Футболбозони тоҷик дар се бозӣ бар тимҳои шаҳри Бишкек - “Налоговик” бо ҳисоби 6:5, “РСК-Банк” бо ҳисоби 4:2 ва “Жаннат” бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуданд ва як бозӣ бо дастаи “Дордой” бо натиҷаи мусовии 5:5 хотима ёфт. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар сабқати ниҳоии Ҷоми Осиё-2012, ки аз 12-ум то 22-юми майи соли оянда дар Аморати Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG