Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Русияи воҳид" ҳокими порлумон нахоҳад буд


Дар акс: Дмитрий Медведев ва Владимир Путин
Дар акс: Дмитрий Медведев ва Владимир Путин

Ҳизби ҳокими Путину Медведев пешсаф шуд, аммо на ба андозаи интихоботи гузашта.

Кумиссиюни марказии интихоботии Русия хабар дод, ки то cоати 7-и субҳи рӯзи душанбе 90 дарсади баргаҳои раъйдиҳӣ дар интихобот ба Думаи давлатӣ баршумурда шудаанд.

Айни ҳол ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” андаке бештар аз 50 дарсади раъйҳоро соҳиб шудааст. Ҳизби коммунисти Русия беш аз 19 дарсад, “Русияи боадолат” 13 дарсад ва ҳизби либерал-демократӣ 11,5 дарсади овозҳоро ба даст овардаанд.

Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, дар робита ба пирӯзии “Русияи воҳид” гуфт, "ҳизб аслан аз 50 дар сади аҳолии мо намояндагӣ мекунад, натиҷаҳои ниҳоӣ боз муайян хоҳанд шуд ва бигузор чизе мехоҳанд бигӯянд, натиҷаи демократияи воқеӣ дар амал аст".

Дмитрий Медведев, ки дар садри рӯйхати “Русия воҳид” қарор дорад, ба зарурати таъсиси эътилоф бо дигар аҳзоб таъкид кард. Аммо Ҳизби коммунисти Русия эълом дошт, ки бо “Русия воҳид” эътилоф нахоҳад кард. Ду ҳизби боқимондаи парлумонӣ ҳамкорӣ бо ҳизби ҳокимро баъид намедонанд.

Ҷараёни раъйдиҳӣ дар интихоботи Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00
Линки мустақим

Раиси ҳизби “Яблоко” Григорий Явлинский аз қонуншиканиҳо дар интихобот шикоят кард ва ҳадс зад, ки шояд ҳамин рӯз ҷонибдоронаш ба нишони эътироз ба хиёбонҳо бирезанд. Бархе аз нозирони байнулмилалӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи башари Русия интихоботро ғайридемократӣ ва ғайриодилона номиданд.

Раиси Кумиссиюни марказии интихоботии Русия Владимир Чуров изҳор намуд, ки натиҷаҳои ниҳоии интихобот охирҳои ҳафта эълон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG