Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таассуф ва тақозои Карзай. Қабл аз анҷумани Бонн


Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон
Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон

Раисиҷумҳури Афғонистон Покистонро ба гирифтани пеши роҳи тамоми музокирот бо Толибон айбдор кард.

Ҳомиди Карзай ба нашрияи олмонии "Der Spiegel" гуфтааст, “то кунун, (Покистон) пуштибонӣ аз талошҳо барои музокирот бо Толибонро, мутаассифона, рад мекард.”

Покистон, ки дар ҳар навъ пешрафт дар амри таъмини суботи Афғонистон нақши калидӣ дорад, дар посух ба ҳамлаҳои ҳавоии НАТО, ки 24 сарбозашро кушта ба ҷо гузошт, аз ширкат дар анҷумани Бонн даст кашидааст. Ин анҷуман рӯзи 5 декабр, дар солгарди 10-уми анҷумани аввале, ки Карзайро ба сари қудрат овард, доир мешавад.

Ҳомиди Карзай дар ин сӯҳбати худ бо маҷаллаи “Шпигел”-и Олмон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, то баъд аз соли 2014 низ кӯмакҳояшонро ба Афғонистон идома бидиҳанд. Вай дар айни замон таъкид намуд, ки Афғонистон нисбат ба ҳар вақти дигар дар ҷабҳаи муқаддами ҷанг қарор хоҳад дошт.

Оқои Карзай гуфт, “агар мо дар ин ҷанг, ки таҳдид барои ҳамаи мост, ноком шавем, маънияш баргашт ба авзои қабл аз ҳамлаи 11 сентябр хоҳад буд.”

Раисиҷумҳури Афғонистон тасдиқ кард ва гуфт, ки “мутаассифона, мо натавонистем субот ва амниятро барои тамоми афғонҳо таъмин намоем ва ин бузургтарин нокомии мо мебошад.”

Залмай Расул, вазири умури хориҷии Афғонистон низ рӯзи шанбе ва қабл аз баргузории анҷуман ё конфронси Бонн аз ҷомеаи ҷаҳонӣ тақозо намуд, ки кӯмакҳои худро пас аз соли 2014 ба Афғонистон қатъ накунанд. Ӯ гуфт, ки “мо ба кӯмакҳои дарозмуддати дӯстони худ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ зарурат дорем.”
XS
SM
MD
LG