Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай бори дигар Покистонро айбдор кард


Ҳомиди Карзай (Аз бойгонӣ)
Ҳомиди Карзай (Аз бойгонӣ)
Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай Покистонро ба гирифтани пеши роҳи тамоми музокирот бо Толибон айбдор кард. Карзай ба нашрияи олмонии "Der Spiegel" гуфтааст, ки “то кунун, (Покистон) пуштибонӣ аз талошҳо барои музокирот бо Толибонро, мутаассифона, радд мекард.” Покистон, ки дар ҳар навъ пешрафт дар амри таъмини суботи Афғонистон нақши калидӣ дорад, дар посух ба ҳамлаҳои ҳавоии НАТО, ки 24 сарбозашро кушта ба ҷо гузошт, аз ширкат дар анҷумани Бонн даст кашидааст. Ин анҷуман рӯзи 5 декабр, дар солгарди 10-уми анҷумани аввале, ки Карзайро ба қудрат овард, доир мешавад.
XS
SM
MD
LG