Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

6 қитъаи раъйгирӣ барои атбои Русия дар Тоҷикистон


Барои таъмини ширкати шаҳрвандони Русия дар интихоботи парлумонии рӯзи 4 декабр сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон 6 қитъаи раъйгирӣ ташкил кардааст. Сафорат мегӯяд, дар Тоҷикистон тақрибан 20 000 шаҳрванди Русия ба сар мебарад. Қитъаҳои раъйгирӣ дар Маркази илму фарҳанги Русия ва ҳам дар таъсисоти пойгоҳи 201-ум дар Душанбеву Қӯрғонтеппаву Кӯлоб ва дар Норак – маҳалли истиқрори пойгоҳи “Окно” боз хоҳанд шуд. Як қитъаи дигар дар Хуҷанд –дуввумин шаҳри бузурги Тоҷикистон фаъол мешавад.
XS
SM
MD
LG