Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блейк: "Амрико дар пайи эҷоди пойгоҳи низомӣ нест"


Акс аз торнамои раисиҷумҳури Тоҷикистон
Акс аз торнамои раисиҷумҳури Тоҷикистон

Ёвари вазири умури хориҷии ИМА гуфт, кишвараш дар пайи эҷоди пойгоҳи ҳарбӣ дар Осиёи Марказӣ нест.

Роберт Блейк дар дидор бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе гуфт, Иёлоти Муттаҳида нақша надорад, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ пойгоҳ дуруст кунад. Вай афзуд бо раҳбари Тоҷикистон равобити дуҷониба, авзоъ дар Афғонистон ва масъалаи ҳамоиши байнулмилалии Бонн дар мавриди Афғонистонро баррасӣ кардааст.

Пас аз гуфтушуниде, ки беш аз ду соат тӯл кашид, ҷаноби Блейк ба хабарнигорон гуфт: "Мо тарафдори равобити тиҷоратию иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистонем, махсусан дар масъалаи судури нерӯи барқи Тоҷикистон ба ин кишвар ва дар ояндаи дарозмуддат ба ин кор мусоадат мекунем."

Намояндаи баландпояи Амрико инчунин таъкид кард, ки кишвараш ҳамеша гуфтааст, ки дар пайи бунёди пойгоҳи низомӣ дар Тоҷикистон набуд ва нест. Ин изҳороти ҷаноби Блейк ба Тоҷикистон дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳафтаи гузашта расонаҳои ахбори оми Русия ба дунболи сафари генерал-лейтенант Винсент Брукс, фармондеҳи нерӯҳои заминии артиши Амрико ба Душанбе, навиштанд, ки Амрико бо ҳадафи эҷоди чунин пойгоҳ бо Тоҷикистон вориди "гуфтушуниди махфӣ" шудаааст.

Сафари кӯтоҳмуддат ва тарҳрезинашудаи ёвари вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Роберт Блейк ба Душанбе пас аз боздиди ӯ аз Бишкек ва ширкаташ дар расми савганди президенти нави Қирғизистон Алмосбек Ҳотамбоев ба амал омад.

Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе рӯзи 25-уми ноябр дар баёнияи худ иддаои расонаҳои русиро, ки гӯё зимни музокироти генерали амрикоӣ бо мақомоти Тоҷикистон мавзӯъи таъсиси пойгоҳи НАТО дар қаламрави Тоҷикистон матраҳ шудааст, рад кард.

Расонаи русии «Аргумент. Ру» ба нақл аз манобеи номбарнашудаи дипломатӣ ва низомии Русия навишта буданд, ки дар Душанбе машваратҳои густардае бо намояндагони Фармондеҳии Марказии Амрико дар Осиёи Марказӣ ҷараён дорад ва ҳадафи ин музокироти, ба навиштаи расона, «комилан махфӣ», таъсиси пойгоҳи низомии НАТО дар Тоҷикистон аст. Аммо мақомоти Тоҷикистон низ чунин иддаоҳоро рад карданд.

Роберт Блейк, ёвари вазири умури хориҷии ИМА дар умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ҳам дар посух ба суоли марбут ба ҳузури низомии кишвараш дар минтақа изҳор дошт, ки Амрико танҳо бо ҳукумати Афғонистон дар бораи навҳаҳои ҳузури низомиаш дар он кишвар музокира дорад, аммо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчунин музокирот дар миён нест.
XS
SM
MD
LG