Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи бузургтарин масҷид дар Киев


Муфтии Украина шайх Аҳмад Тамим
Муфтии Украина шайх Аҳмад Тамим
Бузургтарин масҷиди шаҳри Киев имрӯз расман ифтитоҳ шуд. Бунёди масҷиди Ал-Раҳма дар майдони Тотори пойтахти Украина 17 сол идома кард. Як қисми бинои он соли 2001 сохта шуда буд ва то имрӯз мусалмонҳои Киев он ҷо тоату ибодат мекарданд. Акнун дар масҷид метавонад тақрибан ҳазор нафар намоз гузоранд.

Муфтии Украина шайх Аҳмад Тамим ба хабарнигорон гуфт, ки тайи ин солҳо бюрократҳо барои бунёди масҷид монеъаи зиёд эҷод мекарданд.

Ба гуфтаи ӯ, айни ҳол дар Украина тақрибан 2 миллион мусалмонҳо ба сар мебаранд, ки 60 ҳазор нафари онҳо муқими пойтахти кишваранд.

Мусалмонҳо – асосан тоторҳо аз миёнаҳои қарни 19 дар шаҳри Киев зиндагӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG