Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хушҳолии Ихвон-ул-Муслимин аз натиҷаҳои интихоботи Миср


Бахше аз натиҷаҳои марҳилаи аввали интихоботи порлумонии Миср нишон додааст, ки гурӯҳи исломии Ихвон-ул-Муслимин бештари раъйи мардумро ба даст овардааст. Намояндаҳои Салафиён як шохаи тундрави Ислом ҳамчунин дар интихобот ба муввафақиятҳое ноил шудаанд. Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи шашмарҳилаии Миср охири моҳи январ эълом мешавад. Интихоботи порлумонӣ, нахустин интихоботи озод баъди суқути Ҳуснӣ Муборак раиси ҷумҳури пешини Миср аст, ки моҳи феврал таҳти фишори мардум канорагирӣ кард. Дар замони ҳукумати Муборак, фаъолияти Ихвон-ул-Муслимин дар Миср мамнӯъ буд. Ҳизби чанде пеш таъсисдодаи ин гурӯҳ бо номи Ҳизби Озодӣ ва Адолат гуфтааст, ки бояд ҳизби аслии порлумон ҳукуматро таъсис диҳад, аммо низомиёни ҳоким бар Миср мегӯянд, онҳо ҳукуматро пешниҳод мекунанд ва порлумон ҳаққи пароканда кардани онро надорад.
XS
SM
MD
LG