Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Миятович аз таҳдид ба Интернет


Дунё Миятович, масъули Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар умури озодии матбуот аз хатари афзоянда ба озодии Интернет дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳушдор дод ва аз ҳукуматҳои минтақа хост, дастрасӣ ба интернетро маҳдуд накунанд. Дунё Миятович зимни ифтитоҳи 13- умин нишасти Матбуоти Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, бастани торнамоҳо, полудани иттилоъот, таъқиби хабарнигорон ва муқаррароти сахтгирона ва зербунёдҳои номуносиб мисли як сирояте барои Интернет аст.“ Дунё Миятович, гуфтааст,агарчӣ ҳукуматҳо ҳақ доранд, барои муқобила бо ҷиноятҳои интернетӣ иқдом кунанд, аммо дар ин зимн озодии сухан набояд осеб бинад. Дуня Миятович дар ҷараёни сафараш қарор аст, бо Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG