Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вилоятҳову шаҳрҳо барои давраи гузор ном бурда шуданд


Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон минтақаҳоеро номбар кард, ки баъд аз хуруҷи нируҳои хориҷӣ таҳти назорати нируҳои дохилии худи Афғонистон медароянд. Дафтари раёсати ҷумҳурӣ дар эъломияе гуфтааст, 6 вилоят, 7 шаҳр ва даҳҳо вулусволӣ ба унвони марҳалаи дуввуми гузор бояд ба контроли нируҳои маҳаллӣ дароянд. Дар ин эъломия аз вилоёти Балху Дайкундӣ, Тахору Самангон, Нимрӯз ва ҳамчунин аз шаҳрҳои Ҷалолободу Ғазнӣ, Майдоншаҳру Файзобод, Чахчерону Шибирғон ва қалъаи Нав ном бурда шудааст. Эъломия барои давраи гузор мӯҳлате пешбинӣ накардааст.
XS
SM
MD
LG