Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусофирони гарданаи Шаҳристон дар банди барфу тарма


Беш аз як ҳафта аст, ки гарданаи Шаҳристон бар асари барфу тарма баста буда, боиси машаққати садҳо мусофир шудааст.

Восеъ як ронандаи мошини мусофирбар мегӯяд, ин ҳама муддат бо панҷ ҳамроҳаш дар самти шимолии гардана даруни мошин зиндагӣ мекунад ва мунтазири боз шудани роҳ аст.

МУСОФИРОНИ ИНТИЗОР

Дар миёни мусофирони гирмонда пиру ҷавон ва зану кӯдакон низ ҳастанд, аз ҷумла муҳоҷирони кории аз Русия бозгашта ва шуморе аз ҳоҷиён, ки баъди чанд рӯзи интизорӣ мехоҳанд, дубора ба шаҳри Хуҷанд баргашта бо роҳи оҳан ба Душанбе ва аз онҷо ағбаи гарданаи Анзоб ба манзил расанд. Раҳимбердӣ Бердиев як нафар аз хабарнигори нашрияи маҳаллӣ, ки чанде аз ҳоҷиҳоро ҳамроҳӣ мекардааст, гуфт барои онҳо ба поезд билет харидааст:

Ҳаракат дар гарданаи Шаҳристон дар ҳар фасли сармо қатъ мешавад, вале шоҳидони ҳол мегӯянд, ин навбат баста шудани роҳ бисёр тӯл кашида ва ба ҳамлу нақли молу маҳсулот низ асари манфӣ гузоштааст.

Бар пояи омори расмӣ, беш аз навад дар сади гардиши коло дар Тоҷикистон тавассути роҳҳои заминӣ сурат мегирад. Аммо Зафар Мирбошиев - сардори шӯъбаи ҳолатҳои фавқуллодддаи ноҳияи Айнӣ гуфт, ки агарчӣ табиат як гунаҳкори аслии қатъи ҳаракат дар гарданаи Шаҳристон аст, аз сӯи дигар айби ронандаҳои мошинҳои борбар низ ҳаст, ки реҷаи муқарраршудаи ҳаракатро риоят намекунанд ва ба роҳ баромада, монеъи корҳҳои поккорӣ ва роҳсозӣ мешаванд.

РОҲИ МУҲИМИ СТРАТЕГӢ

Роҳи гарданаи Шаҳристон танҳо роҳи заминӣ аст, ки қисматҳои ҷанубу маркази Тоҷикистонро бо шимол ва водии Зарафшон пайваст мекунад. Ба дунболи ҷорӣ кардани низоми раводид миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар соли 2000, ин роҳ ба як роҳи муҳимми стратегӣ табдил шуда давлат талош дорад бо сохтмони нақб ҳаракати муназзам дар онро барои чаҳор фасли сол таъмин созад.

Ҳоло бо сармоягузории давлати Чин дар ин гардана сохтмони нақб идома дорад ва интизор меравад, ки соли 2012 ба анҷом расад. Вале ин хабар мусофирони ҳоло дар ду тарафи гарданаро хурсанд нахоҳанд кард, мусофироне, ки ҳар рӯз дуо мекунанд, ки роҳ ҳарчӣ зудтар боз шавад.
XS
SM
MD
LG