Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон: Ҳизб бояд аз манфиатҳои кишвар дифоъ кунад


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва раиси ҳизби халқӣ-демократӣ, изҳор намуд, ки ба бахшҳои маҳалливу ҷумҳуриявии ҳизби ҳоким бояд афроди мудофеъ аз манфиатҳои миллии кишвар сарварӣ кунанд.

Ба навиштаи хабаргузории Азия-плюс, дар ҷаласаи кумитаи марказии ҳизб Эмомалӣ Раҳмон аз он изҳори норозигӣ кардааст, ки бархе аз раҳбарони ҲХДТ тавони тавассути расонаҳои хабарӣ ба мардум расонидани ҳадафу вазифаҳои ҳизби халқӣ-демократиро надоранд. Ба гуфтаи манбаи хабаргузорӣ дар ин ҳизб, раисиҷумҳур гуфтааст, ки дар шароити дунёи тағйирёбанда аъзо ва, ба вижа, раҳбарони ҳизб бояд ба ҳаводиси марбут ба манфиатҳои миллии Тоҷикистон ба таври сареъ вокуниш кунанд.

Дар ҳаводиси марбут ба қазияи ҳукми халабонҳои ширкати Ролкан, ки таъқибу фишор болои муҳоҷирони кории тоҷикро дар Русия ба думбол дошт, раҳбарони ҲХДТ сукутро ихтиёр карданд.
XS
SM
MD
LG