Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи СММ рафтори Димишқро маҳкум кард


Кумитаи ҳуқуқи башари Маҷмаъи умумии СММ саркӯбии муҳлики эътирозҳо аз сӯи давлати Сурияро маҳкум кард. Ин қатънома и таҳти ҳимояти кишварҳои Ғарб ва бархе мамолики арабӣ, бо 122 раъйи мувофиқ ва 13 раъйи мухолиф тасвиб шуд. 41 кишвар дар ин раъйгирӣ ширкат накарданд. Сафири Сурия дар СММ Башор Ҷаъфарӣ тарҳи қатъномаро “эъломияи ҷанг” номид. Ба ҳисоби СММ, аз моҳи март дар ҷараёни саркӯбии эътирозҳо дар Сурия беш аз 3500 нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG