Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як парчами сазовори китоби рекордҳои Гиннес?


Дар кӯҳи Муғули канори шаҳри Хуҷанд имрӯз парчами давлатии Тоҷикистон барафрохта шуд, ки 25 метр дарозӣ ва 15 метр баландӣ дорад.

Хабаргузории Азия плюс бо такя ба иттилои бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии вилояти Суғд навиштааст, ки парчам аз ҳама гӯшаҳои Хуҷанд намудор аст.

Парчами нав ба шарафи Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон барафрохта шуд, ки ҳамасола рӯзи 24 ноябр таҷлил мешавад.

Охири моҳи августи соли равон дар шаҳри Душанбе парчаме барафрохта шуд, ки баландии сутуни он 165 метр аст. Ин парчам ба китоби рекордҳои Гиннес ворид шудааст. Ҳамчунин рӯзи 9 сентябр дар хиёбони марказии Душанбе парчамеро рӯи даст карданд, ки тӯли он 2011 метр буд.
XS
SM
MD
LG