Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳургарони мисрӣ дар майдони Таҳрир боқӣ мемонанд


Намоишҳои эътирозӣ дар майдони Таҳрири Қоҳира се шабонарӯз боз идома доранд. Бо вуҷуди талошҳои нерӯҳои амниятӣ барои аз майдон берун андохтани тазоҳургарон, ҳазорон нафар дар шаҳраки хаймаҳо боқӣ мондаанд.

Тайи ду рӯзи ахир бар асари бархӯрдҳо дар майдони Таҳрир 12 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи табибон, аз оғози тазоҳурот беш аз яку ним ҳазор нафар ҷароҳат бардоштанд.

Яке аз тазоҳургарон, ки худро Маҳмуд муаррифӣ кардааст, мегӯяд, "назари мо ин аст, ки дар кишвар чизе тағйир наёфтааст. Аз байн нӯҳ моҳ гузашт. Шӯрои низомӣ ваъда дода буд, ки баъд аз ним сол қудратро интиқол медиҳад ва аммо ягон нишонае мавҷуд нест, ки ин корро анҷом хоҳад дод".

Ӯ меафзояд, "дар мавриди интихобот бошад, ман ба он бовар надорам. Додрасҳои мустақил ва нозирони байнулмилалӣ нестанд, вазорати умури дохилӣ, ки бояд тартибот дар интихоботро назорат кунад, ба пароканда кардани мо, тазоҳургарон машғул аст".

28 ноябр бояд дар Миср нахустин баъд аз барканории раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак интихоботи умумӣ баргузор шавад. Аз замони суқути режими Муборак қудрат дар Миср дар дасти Шӯрои олии низомист.
XS
SM
MD
LG