Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"СССР"-и нави Русия, Белорус ва Қазоқистон


Дар акс: Руасои ҷамоҳири Белорус, Русия ва Қазоқистон
Дар акс: Руасои ҷамоҳири Белорус, Русия ва Қазоқистон

Идеяи таъсиси Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё аз Владимир Путин, нахуствазири Русия буд.

Раҳбарони Русия, Белорус ва Қазоқистон эъломия дар бораи таъсиси Кумиссиюни иқтисодии АвруОсиёро имзо карданд, ки ба гуфтаи Дмитрий Медведев барои ояндаи се кишвар сарнавиштсоз хоҳад буд.

“Мо дар роҳи таъсиси Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, гоми дигар ва бисёр бузурге гузоштем. Иттиҳодияе, ки бешак ояндаи кишварҳои моро рақам хоҳад зад. Аз якуми январи соли оянда, Кумиссиюни иқтисодии АвруОсиё ба кор шурӯъ мекунад ва бастаи аҳдномаҳои байнулмилалии фазои ягонаи иқтисодии Белорус, Русия ва Қазоқистон ҳукми иҷро мегирад”,-гуфт оқои Медведев.

Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия гуфт, кишварҳои дигаре, аз ҷумла аз ҳисоби кишварҳои Ҷомеаи муштаракулманофеъ омодаанд, ки ба ин иттиҳодия бипайванданд, аммо ӯ аз кишвари мушаххасе ном набурд.

Владимир Путин, нахуствазири Русия
Владимир Путин, нахуствазири Русия
Идеяи таъсиси Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё аз Владимир Путин, нахуствазири Русия ва ба эҳтимоли ғолиб раисиҷумҳури ояндаи ин кишвар аст, ки суқути Шӯравиро мусибати бузурге хонда ва муштоқи зери чатри Русия овардани кишварҳои Шӯравиии собиқ мебошад. Ӯ бо нашри мақолае чанде пеш гуфта буд, ки ҳадафаш эҳёи Шӯравии собиқ нест ва ин иттиҳодияи кишварҳои мустақиле хоҳад буд, ки метавонад, як қутби муҳими ҷаҳони муосир шавад.

Вале бар хилофи Медведев, Путин Қирғизистону Тоҷикистонро аз ҷумлаи онҳое номида буд, ки метавонанд ба Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё бипайванданд. Аммо ин идеяи Путин ҷонибдорони зиёде пайдо накард ва ба гуфтаи коршиносони худи Русия тарҳест, ки барои иҷрои он роҳи дарозе дар пеш дорад.

Алексей Портанский, коршиноси иқтисодии рус, дар ин бора мегӯяд: "Ҳамоиш дар як рӯзу як солу ду сол намешавад. Марҳилаи навбатӣ бо имзои таъсиси Кумиссиюни Иқтисодии Авруосиё шурӯъ шуд, сухан дар бораи он меравад, ки дар панҷсола, дар ин замина коре карда шавад. Табиист, ки кишварҳои ҷаҳон барои он ҳамоиш меёбанд, маҷмӯи тавлидоти нохолиси миллии худро зиёд кунанд, тиҷораташон рушд ёбад ва дар маҷмӯъ зиндагии мардум беҳтар шавад. Мо ба ҳамин роҳ ворид шудем, ва аз ҳоло доир ба ҳосили он сӯҳбат кардан, зуд аст."

Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус
Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи таҳлилгари сиёсии Белорус, Юрий Чаус, раисиҷумҳур Александр Лукашенко танҳо ба хотири наҷоти ҳукумати худ ба Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё пайвастааст: "Белорус мекӯшад, то аз ҳисоби ин ташаббуси нави ҳамгироӣ, бақои низоми сиёсиву иқтисодии ҳозираи кишварро, ки бар асари бӯҳрон ба мушкилоти зиёде гирифтор шудааст, таъмин кунад. Шартан бигӯем, ҳоло барои Белорус масъала масъалаи бақои режими сиёсии кишвар аст."

Алексей Малашенко, таҳлилгари маркази Карнегӣ дар Маскав низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ идеяи ҳамгироиву ташкили иттиҳодро як афсонае беш нахонд. Вай гуфт: “Ҳамгироӣ ин як афсона аст. Ин ҷо равобити Русияву Қазоқистон аст, ки Александр Лукашенко ҳам ба он часпидааст ва Қирғизистон аст, ки барои пул мехоҳад ба он пайвандад. Бигзоред, дар бораи ташкили Иттиҳодияи АвруОсиё ҳамон руасои ҷумҳурӣ сӯҳбат кунанд ва то як соли дигар, то замоне ки Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия интихоб шавад.”

Дар Тоҷикистон то кунун ба пешниҳодҳо дар заминаи таъсиси Иттиҳодияи Иқтисодии АвруОсиё, ба истилоҳ, шӯру ҳаяҷоне дида нашудааст ва зоҳиран, пас аз ҷанҷол бо Русия бар сари ҳукми зиндони халабонҳои рус як бори дигар андеша хоҳанд кард, ки ба ин иттиҳодияи таҳти раҳбарии Русия хоҳанд пайваст ва ё на.
XS
SM
MD
LG