Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Cайфулислом, писари Қаззофӣ ҳам боздошт шуд


Сайфулислом, писари Муаммар Қаззофӣ
Сайфулислом, писари Муаммар Қаззофӣ

Вазири адлияи ҳукумати муваққатии Либия аз боздошти Сайфулислом, фарзанди Қаззофӣ хабар дод.

Бино ба гузориши расонаҳои Либия, Сайф ул-Ислом, писари Муаммар Қаззофӣ, раҳбари собиқ ва кушташудаи Либия дар ҷануби кишвар боздошт шудааст.

Хабари мазкурро аз қавли Муҳаммад ал-Алоқӣ, вазири адлияи ҳукумати муваққати Либия нашр кардаанд. Муҳаммад ал-Алоқӣ, вазири адлияи Либия ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, писари 39-сола ва яке аз ҳашт писари фирории Муаммар Қаззофӣ, дар минтақаи Обарӣ дар ҷануби шаҳри Троблус боздошт шуд.

Дар ҷараёни боздошт ба ӯ осебе нарасидааст. Додгоҳи байнулмилалии ҷурму ҷиноят дар шаҳри Гаага, Сайф-ул-Исломро ба ҷиноят алайҳи башарият муттаҳам мекунад. Муаммар Қаззофӣ, ращбари Либия ва падари Сайфулислом, пас аз тақрибан 42 соли ҳукумат дар Либия як моҳе пеш дар қиёми мардумӣ алайҳи ҳукуматаш кушта шуд.

XS
SM
MD
LG