Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Италия ба ҳукумат изҳори эътимод кард


Марио Монтӣ
Марио Монтӣ
Вакилони парлумони Италия ба ҳукумати нави нахуствазир Марио Монтӣ изҳори эътимод карданд.

Қаблан раиси ҳукумат дар Сенати Италия суханронӣ кард ва тарҳи берун кашидани кишвар аз бшҳрони молиявиро муаррифӣ намуд. Ба гуфтаи Монтӣ, аз чораҳои сарфаи шадиди буҷа ҳамзамон бо гомҳо дар самти мусоидат ба рушди иқтисод ва нигаҳ доштани адолати иҷтимоӣ кор гирифта мешавад.

Марио Монти, иқтисодди шинохта ва амалдори собиқи Комиссиюни Аврупо баъд аз истеъфои Силвио Берлусконӣ нахуствазири Италия таъин шуд.

Вазифаи асосии ҳукумати нави Италия – берун кардани кишвар аз бӯҳрони молиявӣ ва ҷилавгирӣ аз вуқӯъи вазъи ҳамсон дар Юнону Ирландия ва Португалия дар кишвар унвон шудааст. Ҳафтаи гузашта парлумони Италия бастаи чораҳои фаврии сарфаи буҷаро пазируфт.

Аз ин пеш Марио Монти даъвати баргузории интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ дар соли 2012-ро рад кард ва изҳор намуд, ки ҳукумати ӯ то соли 2013 сари қудрат боқӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG