Рӯзи 15-уми ноябр, тақрибан соати 21:00 хабарнигори Радиои Озодӣ Умедбек Бобоматов ба Боздоштгоҳи муваққатии шумораи якуми Маскав барои шаҳрвандони хориҷӣ дар канораи шимолии шаҳр рафт.
Ба гуфтаи ӯ, аксарияти сокинони ин маҳбас шаҳрвандони Тоҷикистонанд ва барояш муяссар шуд, аз равзанҳои маҳбас бо фарёдзанӣ аз ҳоли онҳо бипурсад ва иттилоъ гирад.
Умед мегӯяд: "Вақте мо ба боздоштгоҳ омадем, ҳарчанд моро ба дохил роҳ надоданд, аммо ба мо муяссар шуд, ки танҳо аз равзанаҳои боздоштгоҳ бо онҳо сӯҳбат кунем. Бачаҳо сари худро аз равзанаҳо берун карда ва бо мо сӯҳбат карданд. Рӯшан шуд, ки дар тамоми ҳуҷраҳои ин боздоштгоҳ шаҳрвандони Тоҷикистонро нигаҳ медоранд. Онҳо ба мо гуфтанд, ки дар ин боздошгоҳ тақрибан 400 то 450 муҳоҷири кории тоҷик нигаҳ дошта мешаванд, яъне тамоми ҳуҷраҳои боздоштгоҳ пурр аст. Бачаҳо ба мо шикоят карданд, ки ба онҳо ғизои дуруст намедиҳанд ва барои ҳама ҷойи хоб намерасад. То чӣ ҳад ин гуфтаҳо воқеъият дорад, мо намедонем, вале аз ҳама тирезаҳо бачаҳои тоҷик ба берун нигоҳ мекарданд. Онҳо номҳои худро ҳам гуфтанд, Фурқат, Давлат, Баҳром, Саид. Фурқат гуфт, ки аз ноҳияи Данғара ва 21-сола аст. Ӯро дар истгоҳи роҳи оҳани Қазон рӯзи 11 ноябр боздошт карданд, агарчӣ тамоми санадҳои лозими қонуниро дошт, вале милисаҳо санадҳои ӯро пора карда, дур андохтанд ва гуфтанд, ки дигар санад надорад ва баъд ба ҳамин боздоштгоҳ оварданд. Ҷавони дигаре, ки худро Абӯбакр Азизов номид, гуфт, айнан ба ҳамин шева бозошт шудааст. Аммо дар байни боздоштшудаҳо онҳое ҳам ҳастанд, ки хеле пештар ба ин ҷо оварда шудаанд. Як мард шикоят кард, ки 56 рӯз боз ин ҷост ва намедонад, сарнавишташ чӣ мешавад."
Пурсиш: Муҳоҷирони боздоштшуда бештар аз чӣ дар онҷо ба танг омадаанд?
Посух: "Метавон гуфт, ки онҳо дигар умед надоранд, ки дар боздоштгоҳ мемонанд ва ба тақдири худ тан додаанд ва мехоҳанд, то онҳоро ҳарчӣ зудтар ба хонаҳояшон бифристанд. Дар кӯчаҳои Маскав баъди оғози маъракаи боздоштҳо дигар, на танҳо муҳоҷирони тоҷикро намебинед, балки муҳоҷирони кишварҳои ҳамсояро низ, зеро барои милисаҳои рус фарқ надорад, ки тоҷиканд, қирғиз ва ё ӯзбак, барои онҳо ҳама муҳоҷиранд ва ҳамаро мегиранд. Ман бо муҳоҷирони зиёде сӯҳбат кардам, ки дар хона мешинанд ва ҳатто метарсанд, ки аз хонаҳояшон берун шаванд."