Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду зойири шиамазҳаб дар канори Бағдод


Таркиши автобус бо зойирони шиамазҳаб дар каронаи шимолии шаҳри Бағдод мунҷар ба ҳалокати ду нафар ва захм бардоштани 18 нафари дигар шуд.

Ба иттилоъи полиси маҳаллӣ, автобус ба минаи рӯи раҳ бархӯрдааст. Зойирон аз шаҳри Самарра, ки он ҷо яке аз муқаддасгоҳҳои шиаҳо ҷойгир аст, бармегаштанд.

Рӯзи якшанбе дар ҳамин гуна ҳодиса дар минтақаи Қадимия, воқеъ дар шимолу ғарби пойтахти Ироқ, як зиёратгари эронӣ кушта ва чаҳор тани дигар маҷрӯ шуда буданд.
XS
SM
MD
LG