Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, собиқ муовини аввали сарвазири Тоҷикистон ва аз раҳбарони пешини мухолифони давлат дар мавриди ҳадафи пуштибонияш аз ҳаракати мусоидат ба вазъи муҳоҷирон гуфт: "Ҳадаф ҳимояти муҳоҷирон аст. Ҳадаф ба эътидол овардани муносибатҳои ду кишвар аст, ки дар натиҷаи маҳкумияти ду халабон ба вуҷуд омадааст. Тибқи маълумотҳое, ки мо дар даст дорем, шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон аз ҷумла дар Комсомолски лаби Амур 270 нафар боздошт шудаанд, дар шаҳрҳои дигар низ ҳамин тавр шахсони зиёде боздошт шудаанд ва бояд ихроҷ шаванд. Ҳамаи муҳоҷирон дар таҳлука уфтодаанд, дар тарсу ваҳм уфтодаанд. Ва ҳадаф аз ташкили ин гурӯҳ он аст, ки тамос барқарор шавад, мавқеъҳо фаҳмонда шавад, то тоҷикбадбинӣ аз байн биравад. Ба ҳамин хотир ман аз ин кумита дифоъ мекунам. Ман гуфтам, ки агар мақсад як компанияи зидди русӣ бошад, ман мухолифам, вале агар беҳ кардани муносибатҳо бошад, коҳиши тоҷикбадбинӣ дар Русия бошад ман аз он пуштибонӣ мекунам. Ман Барзу Абдуразоққовро шахсан намешиносам, вале аз мавзеъҳои ӯ огоҳӣ дорам ва онро эҳтиром мекунам. Мутаассифона, имрӯз дар Тоҷикистон низ эҳсосоти зидди русӣ доман зада мешавад. Ин кор ҳам хуб нест, бояд ба эътидол оварда шавад. Намешавад бо шеваи зӯр бо кишваре, ки мо аз ҳар ҷиҳат ба он вобастаем, сӯҳбат бикунем."
То кунун бархе аз нерӯҳои сиёсӣ пуштибонии худро аз таъсиси "Кумитаи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон" эълон кардаанд. Аз ҷумла, Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, таъсиси ин кумитаро дар ҳоле, ки вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар кишвари Русия нигаронкунанда арзёбӣ мешавад, муҳим хондааст.
ИЗҲОРОТИ "КУМИТАИ МУСОИДАТ БА ВАЗЪИ МУҲОҶИРОН"
"Кумитаи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон" аз вазъи ба вуҷуд омада дар атрофи қазияи халабонони рус нигаронӣ кардааст.
Дар изҳороти ин гурӯҳ, ки имрӯз 16-уми ноябр нашр шуд, изҳори таассуф шудааст, ки бо расидагии расонаҳои хабарӣ ва баррасии ин мавзӯъ дар миёни расонаҳои иҷтимоӣ, вазъ аз доираи қонун берун шудааст ва ин вазъ мунҷар ба афзоиши афкори бегонаситезӣ дар Русия шудааст, ки ба нафъи нерӯҳои манфиатхоҳ аст.
Дар ин баёния бо ишора ба таърихи дӯстии ду кишвар, аз бархе кормандони мақомоти давлатӣ ва расонаҳои хабарии Русия хоҳиш шудааст, ки дар баррасии ин мавзӯъ аз эҳсосот кор нагиранд ва суханони санҷида гӯянд.
Дар ин баёния ҳамчунон ишора шудааст, ки ҳеҷ кас ва ё гурӯҳе ҳаққ надорад, ки ин вазъро ба нафъи худ истифода кунад ва миёни мардуми ду кишвар ҷудоӣ андозад. Ҳамчунон дар он омадааст, ки ҷомеаи ду кишвар набояд дар ин лаҳзаҳои ҳассос ва мушкил барои муҳоҷирин хомӯширо ихтиёр кунанд. Умедворӣ шудааст, ки қазияи халабони маҳкумшуда ва ҳамчунон масъалаи ихроҷи муҳоҷирон дар чаҳорчӯби қонун ҳалли худро пайдо кунад.
Гуруҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирин шаби 14-уми ноябр дар Душанбе аз ҷониби гурӯҳе рўзноманигорон ва рӯшанфикрон ташкил шуд. Ин кумита мегӯяд дар пеши худ ҳадаф гузоштаанд, ки вазъи баамаломадаро, ки дар натиҷаи боздошт ва ҳукми додгох нисбати ду халабони ширкати «Rolkan Investmens Ltd» сурат гирифтааст, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор диҳад. Раҳбарии ин гурӯҳро Барзу Абдураззоқов, ҳунарманд ва коргардони шинохтаи тоҷик бар дӯш дорад.