Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷунбиши "Ишғоли Уолл-Стрит"-ро аз Ню-Йорк меронанд


Пулиси Ню-Йорк субҳи имрӯз ба поккории майдоне оғоз кард, ки эътирозгарон аз Ҷунбиши «Ишғоли Уолл-Стрит» аз моҳи сентябр дар он хайма задаанд. Мақомоти Ню-Йорк мегӯянд, эътирозгарон бояд боғи Тсукоттиро «муваққатан тарк» карда, хаймаҳову анҷоми худро барчинанд. Ба гуфтаи мақомот, шароит дар ин минтақа ғайрисанитарӣ ва хатарнок шудааст. Онҳо мегӯянд, тазоҳургарон баъдан метавонанд ба ин боғи воқеъ дар наздикии минтақаи молии Ню-Йорк баргарданд, вале бидуни хаймаҳову халтаҳои хоб. Ҳадаф аз тазоҳуроти Ҷунбиши «Ишғоли Уолл-Стрит», ки боиси бурузи айни эътирозҳо дар Амрикову соъири ҷаҳон шуд, эътироз ба низоми молист, ки ба ақидаи онҳо, ба сӯди ширкатҳо ва афроди сарватманд кор мекунад.
XS
SM
MD
LG