Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нома ба Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев


Дар акс: Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев. Шаҳри Душанбе, моҳи сентябри соли 2011
Дар акс: Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев. Шаҳри Душанбе, моҳи сентябри соли 2011

Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ кардаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар ва созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистон тайи як нома ба раиси ҷумҳури ин кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои руси ӯ Дмитрий Медведев муроҷиат карда, аз вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ намудаанд.

Онҳо дар номаи худ гуфтаанд, ҳукми зиндони ду халабони ширкати русӣ – Владимир Садовничий ва Алексей Руденко ба боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз сӯи мақомоти Русия мунҷар шудааст.

Ҷомеаи маданӣ аз мақомоти Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати ин кишвар низ хостааст, ки тавассути намояндагонаш дар қаламрави Русия аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ҳимоя бикунад. “Мо аз мақомоти Тоҷикистону Русия, ду кишвари дӯст, мехоҳем, ки барои идомаи ҳамкориҳои “хуб”-и дуҷониба саъй намуда, манфиатҳо ва ҳуқуқҳои шаҳрвандонашонро дар қалвамрави ин ду кишвар риоя кунанд”,-омадааст дар изҳороти ҷомеаи мадании Тоҷикистон.

Барзу Абдураззоқов, коргардони саршиноси тоҷик ва раҳбари Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон
Барзу Абдураззоқов, коргардони саршиноси тоҷик ва раҳбари Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон
Ин дар ҳолест, ки Гурӯҳи тозтаъсиси мусоидат ба вазъи муҳоҷирон дар Душанбе низ мехоҳад бо як нома ба мақомот ва масъулони васоити ахбори умуми Русия муроҷиат бикунад, то даст аз таҳқиру таъқиби муҳоҷирони тоҷик бардоранд.

Барзу Абдураззоқов, коргардони саршиноси тоҷик ва раҳбари Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон мегӯяд, нашри матолиби мухталиф ва баҳсҳо дар бораи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки ба оташи ғазаби миллатгароён равған мерезад, онҳоро нигарон кардааст.

Оқои Абдураззоқов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо мехоҳанд ба дӯстони худ дар Русия ва ҷаҳон бигӯянд, ки ба тақдири муҳоҷирони тоҷик набошанд. "Ҳадафи асосии мо ҳамин аст, ки мушкили муҳоҷиронро осон кунем",-мегӯяд ӯ.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00
Линки мустақим


Ҷаноби Барзу ҳамчунин гуфт, "Мо медонем, ки онҳо (муҳоҷирон) бо чӣ азобе мераванд ба он ҷо, чӣ азобҳо мекашанд. Барои ин ҳама мо дард ва ранҷ мекашем. Мо наметавонем дар ин марҳила хомӯш бошем. Мо наметавонем дар ин марҳила бетараф бошем. Ман шахсан ҳеҷ вақт бетараф буда наметавонам. Ҳарчӣ аз дастам биояд, барои муҳоҷирон анҷом медиҳам."

Бо афзоиши боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва бадрафторӣ бо онҳо дар робита ба қазияи халабонҳои ширкати русӣ, теъдоде аз рӯзноманигорон ва рӯшанфикронро дар Душанбе водор кардааст, ки ин гурӯҳро таъсис доҳанд, то дар ҳалли мушкил аз усули "дипломатияи мардумӣ" кор бигиранд.

То кунун бархе аз нерӯҳои сиёсӣ пуштибонии худро аз таъсиси "Кумитаи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон" эълон кардаанд. Аз ҷумла, Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, таъсиси ин кумитаро дар ҳоле, ки вазъи муҳоҷирони кории тоҷик дар кишвари Русия нигаронкунанда арзёбӣ мешавад, муҳим хондааст.
XS
SM
MD
LG