Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кабирӣ гуфт, “президент бояд командаашро тағйир диҳад”


Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, вазъи муносиботи Тоҷикистону Русияро бӯҳронӣ тавсиф кард.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ вазъи муносиботи Тоҷикистону Русияро дар пайи маҳкумияти ду халабон ва ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия бӯҳронӣ тавсиф кард ва онро навъе пайомади амалкардҳои нодурусти гурӯҳи ҳоким дар давлат номид.

Оқои Кабирӣ аз ҷумла афзуд, ки бӯҳрони кадрӣ ва пайомадҳои он бештар систематик мешавад. Вай бо изҳори нигаронӣ аз вазъи пешомада дар муносиботи Тоҷикистон Русия гуфт: “То кунун мо сиёсати кадрии президентро танқид намекардем. Мегуфтем, ки президент командаашро худаш интихоб мекунад. Ҳоло мебинем, ки ин масъала дигар ба шахси президент ва командаи ӯ рабт надорад. Ин масъала дигар як масъалаи миллӣ шудааст, сарнавишти миллионҳо нафар аст, суботи кишвар аст. Вақти он расидааст, ки мо бигӯем, ки бӯҳрон то ҳадде систематик шудааст ва бидуни тағйироти решаӣ наметавон онро ҳал кард. Дигар бо ин тағйироти косметикӣ намешавад масъаларо ҳал кард ва президент пас аз оромтар шудани вазъият бояд дар фикри тағйири командааш шавад. Он ҳам ба таври ҷиддӣ, ин мавқеи мо ҳаст дигар. Мо мисли пеш наметавонем бигӯем, ки президент медонаду командааш. Хусусан, вақте ки амалкардҳои манфии ин команда он қадар ба миллат таъсир расонидааст, ки ҳар шаҳрванд дар пӯсту ҷонаш онро ҳис мекунад, билохира, мо бояд бигӯем ба президент, ки билфосила дар фикри тағйири командааш бошад.”

Кабирӣ дар бораи равобити Душанбеву Маскав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:36 0:00
Линки мустақим

Раиси Ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) дар посух ба ин пурсиш, ки оё имкон дорад, Тоҷикистон масъалаи ҳузури пойгоҳи низомии Русияро дар посух ба фишорҳои он кишвар дар миён бигузорад, гуфт, ин кори нашуданист. Ӯ афзуд, вазъе, ки пеш омадааст, пайомади амалкарди бархе гурӯҳҳо дар соли 1992 аст. Ҳоло ба андешаи Кабирӣ, ҳар чӣ қадаре ҳам гурӯҳи ҳоким аз худ сиёсати мустақил ба намоиш нагузорад, як изҳори назари Русия ё ҳамсояҳои дигаре, ки он бо онҳо мушкил дорем, метавонад ҳамаи талошҳои ин гурӯҳ барои намоиши мустақилиятро нақше бар об кунад.

Оқои Кабирӣ аз ҷумла гуфт, кофӣ аст, агар он кишварҳо бигӯянд, ки "мо Шуморо ба қудрат расонидем" ва ҳамаи хиштҳои болои ҳам гузоштаи ин афрод дар роҳи намоиши истиқлоли амал дар як он фурӯ хоҳад рехт.

Муҳиддин Кабирӣ гуфт, додгоҳ ҳукми худро дар ин маврид таҷдиди назар хоҳад кард. Аммо масъалае, ки роҳи ҳал мехоҳад, мушкили ба вуҷудомада дар мавриди муҳоҷирон аст. Ӯ гуфт, бояд як ҳайате аз ҳукумат ва ҳайати дигаре аз созмонҳои иҷтимоӣ, расонаҳо ва аҳзоби сиёсӣ барои мулоқот ва ҳимоят аз муҳоҷирони тоҷик ба Русия сафар кунанд.

Раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯяд, қазияи пешомада дар равобити Тоҷикистону Русия метавонад ташаннуҷи авзои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистонро дар пай дошта бошад.
XS
SM
MD
LG