Пайвандҳои дастрасӣ

Сурия тасмими Ҷомеаи Арабро хатарнок хонд


Валид Муаллим
Сурия мегӯяд, тасмими Ҷомеаи Араб дар бораи боздоштани узвияти Сурия “иқдоми хеле хатарнок аст”. Валид Муаллим-вазири корҳои хориҷии Сурия дар тавзеҳоти худ ин нукотро баён доштааст. Рӯзи шанбе Ҷомеаи Араб тасмим гирифт, ки узвияти ин кишвар то замони иҷрои қарордодаш дар бораи қатъи саркӯбиҳои хунини тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ боздошта шавад. СММ мегӯяд, аз оғози тазоҳурот дар моҳи март то ҳол 3 500 нафар кушта шудаанд. Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷии Русия гуфтааст, боздоштани узвияти Сурия дар Ҷомеаи Араб “кори нодурустест”. Аммо вазирони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ба тавофуқ расиданд, ки барои чунин саркӯбиҳо бар зидди 18 нафар мақомоти расмии Сурия таҳрим ҷорӣ шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG