Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Тошканд


Лаҳзае аз бозии миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Узбакистон дар варзишгоҳи "Металлург"-и шаҳри Турсунзода, 2 сентябр
Лаҳзае аз бозии миёни тимҳои миллии Тоҷикистону Узбакистон дар варзишгоҳи "Металлург"-и шаҳри Турсунзода, 2 сентябр

Имрӯз, чаҳордаҳуми ноябр, дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ба шаҳри Тошканд парвоз кард.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Фаридун Солиев, сухангӯи дастаи мунтахаби Тоҷикистон хабар дод.

Вай афзуд, "ин сафари футболбозони тоҷикро барои ширкат дар бозии даври панҷуми сабқати гурӯҳии Ҷоми Ҷаҳон-2014 дар минтақаи Осиё бо тими миллии Узбакистон тавассути хатсайри махсус Рустам Эмомалӣ, сарпарасти даста ва ҳам ноиби президенти Федератсиюни футболи Тоҷикистон, ташкил кардааст.

Ба ҳайати тими миллии Тоҷикистон таҳти раҳбарии Олимҷон Рафиков 23 футболбоз шомиланд, ки инҳоянд:

дарвозабонҳо - Алишер Тӯйчиев ("Истиқлол"), Миралӣ Муродов ("Энергетик"), Владимир Сисоев («Регар-ТадАЗ»);

ҳимоятгарон - Фарҳод Восиев («Шинник», Ярославл), Давронҷон Эргашев, Эраҷ Раҷабов, Акмал Сабуров, Соҳиб Сувонқулов (ҳама – «Истиқлол»), Фаррух Чориев («Регар-ТадАЗ»), Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»), Аҳтам Назаров («Энергетик»),

нимҳимоятгарон - Ҷаҳонгир Ҷалилов, Иброҳим Рабимов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Маҳмадалӣ Содиқов (ҳама– «Истиқлол»), Хуршед Маҳмудов, Ҷамшед Исмоилов (ҳарду - «Регар-ТадАЗ»), Абдусамад Ҳоҷибоев («Энергетик»);

ҳамлагарон - Комил Саидов (ССКА «Помир»), Аҳтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Фарҳод Тоҳиров («Истиқлол»).”

Ба гуфтаи Фаридун Солиев бозии дастаҳои мунтахаби Узбакистону Тоҷикистон фардо, 15-уми ноябр, соати 18-и вақти маҳаллӣ дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Тошканд оғоз меёбад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Узбакистон:

дарвозабонҳо: Игнатий Нестеров («Бунёдкор», Тошканд), Муродҷон Зуҳуров («Насаф», Қаршӣ), Павел Бугало («Локомотив», Тошканд);

ҳимоятгарон: Шавкат Муллоҷонов («Ал-Аҳлӣ», Қатар), Виктор Карпенко («Бунёдкор», Тошканд), Ислом Тӯхтахоҷаев («Нефтчӣ», Фарғона), Анзур Исмоилов («Чанчун Ятай», Чин), Виталий Денисов («Днепр», Укроин), Камолиддин Тоҷиев («Жиангсу», Чин), Саҳоб Ҷӯраев («Бунёдкор», Тошканд), Акбар Исматуллоев («Пахтакор», Тошканд), Виталий Почуев («Навбаҳор», Намангон);

нимҳимоятгарон: Сарвар Ҷабборов («Ал-Шабоб», Арабистони Саудӣ), Одил Аҳмадов («Анжи», Русия), Санҷар Турсунов («Волга», Русия), Темур Кападзе («Инчон», Кореяи Ҷанубӣ), Азизбек Ҳайдаров («Ал-Шабоб», АМА), Вагиз Галиулин («Сибир», Русия), Лутфулло Тӯраев («Насаф», Қаршӣ), Станислав Андреев («Пахтакор», Тошканд), Александр Мерзляков («Шуртан», Гузар);

ҳамлагарон: Александр Гейнрих («Сувон», Кореяи Ҷанубӣ), Улуғбек Бақоев («Дубай», АМА), Максим Шатских («Арсенал», Укроин), Александр Шадрин («Навбаҳор», Намангон), Баҳодур Насимов («Нефтчӣ», Озарбойҷон).

сармураббӣ: Вадим Абрамов.

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозияш дар марҳалаи севуми Ҷоми ҷаҳонии футбол-2014 рӯзи 2 сентябр дар варзишгоҳи "Металлург"-и шаҳри Турсунзода аз тими миллии Узбакистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрда буд. Танҳо голи ин бозиро дар дақиқаи 72-юм ҳамлагари меҳмонон Максим Шатских, бозигари “Арсенал”-и Киеви Укроин, зада буд.

Баъди чаҳор давр мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “С” чунин аст :

1.Ҷопон - 10 имтиёз, таносуби тӯбҳо 14-1
2.Узбакистон - 10 имтиёз, таносуби тӯбҳо 4-1
3.Куриёи Шимолӣ - 3 имтиёз, таносуби тӯбҳо 1-3
4.Тоҷикистон - 0 имтиёз, таносуби тӯбҳо 0-14

Дастаҳои Ҷопон ва Узбакистон, ки сарфи назар аз натоиҷи бозиҳои ду даври охирин ба даври баъдӣ роҳ ёфтаанд, барои ғолиб шудан дар гурӯҳ талош хоҳанд кард.

Дар бозии дигари гурӯҳи “С” 15-уми ноябр тими Ҷопон дар меҳмонӣ бо мунтахаби Куриёи Шимолӣ қувваозмоӣ мекунад.

Бозиҳои даври панҷум дар гурӯҳҳои дигар:

Гурӯҳи “А” - Сингапур –Чин
Урдун – Ироқ

Гурӯҳи “В” - Лубнон – Куриёи Ҷанубӣ
Кувайт – Аморати Муттаҳидаи Араб

Гурӯҳи “D” - Тайланд – Австралия
Арабистони Саудӣ – Умон

Гурӯҳи "Е" - Индонезия – Эрон
Қатар – Баҳрайн
XS
SM
MD
LG