Осмон бар фарози аксари манотиқи Тоҷикистон имрӯз пурабр хоҳад буд. Дар Душанбе ва Қӯрғонтеппа борони кӯтоҳмуддат хоҳад борид. Дар ин ду шаҳр ҳарорати ҳаво 13 ва дар Кӯлоб, Фархор, Панҷ, Шаҳритус то 10, дар Хуҷанд, Исфара ва Истаравшан 8 ва дар Хоруғ 7 дараҷаи селсияро ташкил хоҳад дод. Ҳаво дар навоҳии тобеи марказ, қисмати шимолии вилояти Хатлон 12 ва дар водии Зарафшон 11 дараҷа гарм хоҳад шуд Дар Шаҳритус суръати шамол ба самти ҷанубу ғарб 40 километр дар соатро ташкил хоҳад дод. Дар Хуҷанду Исфара шамол бо суръати 11 километр дар соат хоҳад вазид.