Бино ба иттилои Нурмуҳаммад Исоев, муовини Додситони куллии Қазоқистон, бар асари тирпарронӣ ва таркиш ҳафт нафар, аз ҷумла, панҷ корманди амниятиву полис кушта ва чаҳор тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.
“Дар робита ба ин ҳодиса аз рӯи банди “терроризм” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст”-, афзуд муовини Додситони кул. Ба гуфтаи ӯ, муҷрими аслии ҳодиса шиносоӣ шудааст. Насаби ӯ Қориев буда, 34 сол дошт ва узви як гурӯҳи ҷиҳодӣ буд.
Нурмуҳаммад Исоев гуфт, ки субҳи рӯзи шанбе Қориев аввал ду корманди амниятиро ҳадафи тир қарор дода ва сипас ба мағозаи силоҳ ҳамла кардааст. Дар ин ҳамла муҳофизи мағоза Федорченко ва шаҳрванд Оразбасов кушта шуданд. Баъд аз гирифтани силоҳ ӯ аз ҷойи ҳодиса фирор кард. Ҳангоми таъқиби Қориев кормандони пулис Аянқулов ва Бойсаидов ба ҳалокат расиданд. Вақте, ки кормандони пулис ва амниятӣ Қориевро муҳосира карданд, ӯ худро тарконд ва дар натиҷа капитани пулис Байтасов ҳам кушта шуд.
Муовини Додситони кул гуфт, ки дар ҷойи ҳодиса корҳои фаврӣ идома доранд ва ба гурӯҳи фаврӣ вазири умури дохилӣ сарварӣ мекунад.
Ин дуввумин ҳамлаи террористӣ дар Қазоқистон дар ду ҳафтаи ахир аст. Рӯзи 31 октябр дар шаҳри Атирау ду таркиш рух дод, ки дар яке онҳо як маргталаб ба ҳалокат расид. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи "Сарбозони Халифат" бар дӯш гирифт. Ба гуфтаи мақомоти додситонӣ, ҳамла ба нишони эътироз алайҳи қабули қонуни нав дар бораи фаъолияти мазҳабӣ дар Қазоқистон сурат гирифтааст.
Ба дунболи ҳаводиси Тараз сиёсатмадори мухолифи ҳукумати Қазоқистон Мухтор Аблязов дар як изҳорот аз тариқи телевизиони “К+” дар вуқӯи ҳаводиси Тараз ҳукуматро муттаҳам кард ва онро тарҳрезишуда дар Остона номид. Ӯ мутмаин аст, ки аз ин иқдом ба хотири шиддати бештар бахшидан ба фишору таъқиби мухолифин кор гирифта шудааст.
Аммо сиёсатшиноси қазоқ Досим Сатбоев бо иддаои Мухтор Аблязов розӣ нест. Ба гуфтаи ӯ, қабл аз ҳама, ин ҳодиса ба нафъи раисиҷумҳур Назарбоев нест, ба вижа, ки ӯ мехоҳад 20-солагии истиқлоли кишварро бо шукӯҳи зиёд таҷлил кунад. Досим Сатбоев меафзояд, тайи ин солҳо мақомот ва худи раисиумҳур борҳо изҳор доштанд, ки Қазоқистон дар ҷабҳаҳои гуногун комёбиҳои бузург дошт ва кишвар ба “ҷанати рӯи замин” табдил шудааст ва табиист, ки ҳамлаҳои террористии ахир рӯи ин ривояти ҳукумат соя меафкананд.
Ба гуфтаи мусоҳиби мо, овозаҳо дар бораи аз сӯи мақомдорони феълӣ таҳия шудани ин ҳамлаҳои террористӣ низ он қадар қобили эътимод нестанд. “Сабаб он аст, ки баъди низоъ бо Роҳат Алиев, баъди низоъ бо Мухтор Аблязов ва бархӯрди басо дурушт бо бархе аз тоҷирони номдор, ки бо ин ё он мухолифи ҳукумати феълӣ робита доштанд, айни ҳол мақомдорони сатҳи боло эҳтиёткор шудаанд ва аз гузоштани ин гуна гомҳои қатъӣ ва ҳамоҳангнашуда парҳез мекунанд”, -мегӯяд ӯ.
Аммо аз нигоҳи Досим Сатбоев аҷаб нест, ки баъд аз сари Нурсултон Назарбоев бархе аз мансабдорон ба хотири дарёфти қудрат аз ин гурӯҳҳои ифротӣ истифода кунанд. Сиёсатшиноси қазоқ мутмаин аст, ин гуна гурӯҳҳо, ки бо шабакаҳои террористии хориҷӣ робита доранд, дар Қазоқистон авҷуданд ва аммо мақомот ҳамеша талош мекарданд, ки ҳузури онҳоро пинҳон кунанд.
Досим Сатбоев мутмаин аст, ки ин гурӯҳҳо баъди аз сӯи ҳукумат маҳдуд шудани фаъолияти аҳзоби дигарандешу демократӣ вориди саҳна шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, “дар вақташ Ислом Каримов фаъолияти мухолифини демократиро манъ ва онҳоро тақрибан нобуд сохт ва халоъи ба вуҷуд омадаро нерӯҳои ифротгаротар ишғол намуданд. Дар Қазоқистон ҳам чунин рух дод. Мақомот он қадар мухолифини демократӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандиро заиф кард ва акнун ба ҷойи онҳо гурӯҳҳои хатарнок ва мазҳабӣ омаданд. Табиист, ин шабака, ки дар Қазоқистон амал мекунад ва ба он сохторҳои ифротгаро шомиланд, дар кишвар аз сӯи касе назорат намешавад.”
Бар пояи хабарҳо, айни ҳол вазъ дар шаҳри Тараз ором аст. Ва аммо мардуми маҳаллӣ аз имкони ба такрори ин гуна ҳодисаҳо сахт нигаронанд. Як сокини маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи якшанбе бисёриҳо тасмим гирифтанд то дар манзилҳояшон бимонанд ва аз ин рӯ хиёбонҳои шаҳр серодам набуданд.

Беҳтар буд ба ҷойи тағйири имло, гуфтугу бо забони адабиро ташвиқ мекардед, ки дигар мардум вай вай чову ко, чошид пошид намегуфт ва дуруст гап мезад. Баъд имлоям метавонистем, иваз кунем, ё хати форсиро ҳам дар паҳлуяш меомухтем. Он вақт ҳам лаъл ба даст меомаду ҳам ёр намеранҷид.
.дар ватани худ мехондан кучоо рафтан. Ман хам аз хамин кор дар ачабам ки агар дар кишвари мо донишгохой исломи ва гайри исломи хаст ,барой чи толиб илмон ба кишавархой дигар барой касби илм мераванд? ачибтар аз он ин аст ки оё хар касе ки дар ЧИЭ буде чосус ва терарист аст, ва бояд солхой дароз аз озоди махрум карда шавад!!? Ман ин саволро аз кормандон амнияти ЧДТ пурсидани хастам ки бо ин кор ки шумо кардед хеле аз хоначодахоро сарсону саргардон кардед!! Хонаводахой ке бе сарпараст монданд баьзе аз онхо 6 мох аст ки пули квартира натавонистанд бидан ва бо машакат зиндаги доран. Дар холе ки хиччччч гунохе надоштаан ва танхо гунохашон будани дар ЧИЭ будааст.!!! Оё ин аст рохи таьмини амният дар ТЧ?????!!!!
Хамин донишчуен бо хохиши худ пас аз аз даъвати президент ба ватан баргаштанд. Шояд хаминхо гунохе надошта бошанд. Инхо аз дуне чиро дидаанд. Холо аз дахонашон буи шир меояд. Хамаи мо хам фарзанд дорем мехохем онхо дар зиндаги хушбахт бошанд. Падару модарони онхо хам низ хаминро мехохан. Агар хукумат ин чавононро озод кунад, бисёр кори савоб мекунад ва ин обруи хукумат ва президент ро боло мебардорад.
Анушервон ба мантики суханат эьтибор дода баьд навис.Илм як чузьи дин аст.Аз хазрати Одам алайхиссалом то хазрати паембари охиратзамон-Мухаммади Мустафо салаллоху алайхи ва саллам ва китобхои мукаддас сарчашмаи илму хикмат буданд.Форси ту ба шарофати арабхо ва фарханги бои араб одамбин ва назаррас шуд.Шеьри порсии ту ба шарофатии арузи араб,вазну кофияхои пуробу ранги каломи араби Рудахону Анваридон шуд вагарна мо будему кавми дур аз олами фарханг ба мисли чугиен!!!
Мухтарам, раис! Чунин изофанависй магар солхои пештар набуд? замоне ки шумо муовини аввали раиси ин вилоят, раиси нохияи Фархор ва то имсол, ки рохбари вилоят хастед? Магар дар ду соли аввали нирохбарии шумо изофанависй набуд? Ё ягон одами дигар ин изофанависиро ошкор кардаасту гуё шумо онро ошкор карда бошед?