Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салимзода гуфт, "имкони истирдоди халабонҳо вуҷуд дорад"


Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон

Додситони кул нигарониҳои мақомоти Русия дар робита ба ҳукми Садовничий ва Руденкоро бепоя хонд.

Тавзеҳоти Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон роҷеъ ба қазияи маҳкумияти халабонҳо умеди ҷониби Русия дар мавриди ба зудӣ раҳо шудани онҳоро ба яъс табдил кард.

Додситони кулли Тоҷикистон дар ҳоле гуфт, ин қазия ҳуқуқӣ аст ва ангезаи сиёсӣ надорад, ки рӯзи гузашта раисиҷумҳури Русия гуфта буд, ба ниҳодҳои марбутаи кишвараш дастур додааст, то қазияро пайгирӣ кунанд ва ҳамчунон мунтазири тавзеҳоти ба гуфтаи ӯ “шарики стратегияш” хоҳад нишаст.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:32 0:00
Линки мустақим



Аммо посухи Шерхон Салимзода, возеҳ, қотеъ ва сареъ буд. Ва маънои он ҳам ин аст, ки ин халабонҳо муқаррароти Тоҷикистон ва қавонини байнулмилалиро нақз кардаанд ва муҷозот хоҳанд шуд. Оқои Салимзода аз ҷумла даъвоҳои ҷониби Русияро бепоя унвон кард: “Баъзе аз воситаи ахбори умум ба ин масъала характери сиёсӣ медиҳанд, ки ин тамоман ба воқеият дуруст намеояд. Ин ҳодиса як ҷинояти муқаррарӣ буда, ягон ҷанбаи сиёсӣ надорад. Мувофиқи талаботи қонун шахси ҷиноят содиркарда бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Ҳавопайамоҳои мазкур бошад, бе иҷозати мақомоти авиатсионӣ ва дигар мақомти Тоҷикистон вориди қаламрави мо гардидаанд. Ин ҳавопаймҳо дар ягон давлат дар қайди давлатӣ нестанд. Давоми се сол бар хилофи бехатарии парвоз аз таъмир ва санҷиши техникӣ нагузаштаанд. Дар ҳамин ҳол, дигар давлатҳо чӣ тадбир меандешиданд? Хоҳиш мекунам, ин ҳолат ба ҳисоб гирифта шавад.”

Оқои Салимзода бар хилофи нигарониҳои мақомот ва расонаҳои Русия гуфт, ҳукми зиндони Владимир Садовничий ва Алексей Руденко як баҳси оддии додгоҳӣ аст ва ангезаи сиёсӣ надорад. Вай гуфт, ҳарчанд ҷониби Тоҷикистон ба дархости халабонҳо ҳафт бор посухи рад додааст, вале онҳо ин ҳамаро сарфи назар кардаву дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа фуруд омаданд.

Додситони кулли Тоҷикистон дар робита ба ин суол, ки оё имкони истирдоди халабонҳои маҳкумшуда ба кишварҳояшон вуҷуд дорад ё на, гуфт: “Дар ин маврид конвенсиюне махсус миёни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил амал мекунад. Тибқи ин конвенсиюн афроди маҳкумшуда барои идомаи иҷрои ҷазо ба кишвари худ интиқол дода мешаванд. Бар асоси ин конвенсиюн агар дархостҳое ба мо бирасад, мо онро баррасӣ мекунем ва ин масъаларо ҳал хоҳем кард.”

Вай ҳамчунин дар посух ба ин суол, ки оё моҷарои ин ду халабон метавонад ба равобити Тоҷикистону Русия халал ворид карда, шароити будубоши муҳоҷирони тоҷик дар он кишварро мушкил кунад, афзуд, "Русия набояд ин масъаларо бо сиёсат омехта бикунад." Зеро ба қавли ӯ, "ҳукми додгоҳии ду халабони ширкати русӣ сирф масъалаи ҳуқуқист, на сиёсӣ."

Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, нахустин мақоми баландпояи кишвар буд, ки ба нигарониҳои мақомот ва афроди саршиноси Русия дар робита ба ҳукми зиндони ду халабони ширкати русӣ посух гуфт.

Владимир Садовничий ва Алексей Руденко, ду халабони як ширкати русӣ рӯзи12 марти соли равон ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон бидуни иҷоза ва бо нақзи муқаррароти ҳавонавардии Тоҷикисон дар фурудгоҳи Қурғонтеппа поин шуданд. Халабонҳо мегӯянд, ки аз Кобул қасди парвоз ба Русияро доштанд ва хостаанд, ки аз Қурғонтеппа сӯхт дарёфт кунанд.

Додгоҳи Қурғонтеппа дар рӯзи сешанбе ҳардуи ин халабонроо ба 8, 5 соли зиндон маҳкум кард, ки боиси вокуниши бесобиқа мақомот ва ҷомеаи Русия шудааст. Баъди вокуниши шахси раиси ҷумҳури Русия интизор мерафт, ки шояд нармие дар ин қазия пеш биояд ва роҳи ҳалли он боз шавад. Аммо аз посухи Додситони кулл бар меояд, ки роҳи расидан ба ҳалли ин қазия миёни Душанбе ва Маскав кӯтоҳ нахоҳад буд.
XS
SM
MD
LG