Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Чилчароғ”: Ёде аз шамъҳои гилӣ ва оҳании гузаштагон


Намоишгоҳи "Чилчароғ" дар Осорхонаи бостоншиносии шаҳри Хуҷанд
Намоишгоҳи "Чилчароғ" дар Осорхонаи бостоншиносии шаҳри Хуҷанд

Намоишгоҳи “Чилчароғ” дар осорхонаи бостоншиносии Хуҷанд бинандаро бо намунаҳои чароғи бобоӣ аз давраҳои қадим то рӯзҳои мо ошно мекунад.

Дар як толори ҷудогона даҳҳо адад шамъдон ва чароғҳои аз рӯи сохт ва ороиш гуногун, аз шамъдону чароғҳои гилӣ то оҳаниву мисӣ ба маърази намоиш гузошта шудааст.

Замони сохти нигораҳо сабт наёфтааст, ваде кӯҳнагиву фарсудагии бархе аз шамъдонҳои оҳанин ва мисини пилтагӣ ба забони ҳол моли қадимӣ будани онҳоро бозгӯ мекунад. Ба гуфтаи ходимони осорхона, шамъу чароғҳои намоишгоҳ аз дасти сокинон ҷамъоварӣ шудааст.

Гузориши тасвириро дар ин ҷо бубинед



Муҳаррама Абдуллоева, ходими илмии осорхонаи Хуҷанд мегӯяд, ба шаҳодати осори таърихӣ ва нигораҳои зимни ҳафриёт дар Тоҷикистон бозёфтшуда, ҳанӯз дар ҳазораи дуюми қабл аз милод сокинон манзилҳо ва ибодатгоҳҳои худро бо пилтачароғҳои гилӣ равшан мекарданд. Шамъ ва чароғ, ба гуфтаи хонум Абдуллоева, дар бовар ва эътиқодоти мардуми тоҷик ҷойгоҳи хосе доштанд, ки бархе то кунун ҳам риоя мешавад.

Баъд аз пайдо шудани чароғи “илйичӣ” дар Тоҷикистон дигар устоҳои шамъдону чароғсоз намондаанд ва ин ҳунари бостонӣ кам - кам фаромӯш мешавад. Аммо дар ибтидои ҳазораи сеюми милодӣ низ сокинон манзилҳои худро дар тирамоҳу зимистон, ки интиқоли барқ ба хонаҳояшон маҳдуд мегардад, бо шамъу чароғҳои карасинӣ равшан мекунанд.

XS
SM
MD
LG