Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Тоҷикистон Сергей Лавровро ошуфта кардааст


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар сӯҳбати телефонӣ бо ҳамтои тоҷики худ Ҳамроҳхон Зарифӣ, гуфтааст, ҳукми додгоҳи Тоҷикистон алайҳи ду халабони рус кишварашро ошуфта кардааст. Ба гуфтаи дафтари матбуоти вазорати умурии хориҷии Русия, Сергей Лавров, ҳукми зиндонро беасос хонда ва гуфтааст, кишвараш ба бознигарӣ ва баргардонидани шаҳрвандаш ба Русия пофишорӣ хоҳад кард. Пештар аз ин Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия гуфт:" “Мо мунтазири посухи расмии ҳукумати кишваре мемонем, ки бо он бахудии худ, ҳампаймонӣ дорем ва баъди он тасмим мегирем. Қарорҳои мо вобаста ба посухи Тоҷикистон гуногун хоҳад буд, метавонад мутаносиб ва ё ғайримутаносиб бошад.” Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 7 ноябр Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстония ва халабонҳои ширкати русии “Ролкан Инвестмент”-ро бо гуноҳи қочоқ ва убури ғайриқонунии марз ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард. Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, санадҳои ширкати “Ролкан” мушкилоти зиёд дорад ва шикояти ҳукумати Афғонистон ҳам аз он зиёд аст. Ҳарду халабон моҳи март бидуни огаҳии қаблӣ бо ду ҳавопаймои Ан-72 аз Афғонистон вориди қаламрави Тоҷикистон шуда дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа нишастаанд.
XS
SM
MD
LG