Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон: "Ҳукми додгоҳ ангезаи сиёсӣ надорад"


Мақомоти Тоҷикистон мавҷудияти ангезаи сиёсӣ дар ҳукми додгоҳ алайҳи ду халабони рус ва эстониро рад мекунанд.

Дар пайи эълони ҳукми ҳавонавардҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон, вазорати хориҷи Русия, раиси Шӯрои федерасиюни ин кишвар ва иддае ҳам аз вакилони Думои давлатӣ ҳукми додгоҳро ғайримунсифона хонданд ва ба ангезаҳои сиёсии он ишора карданд.

"ДОДГОҲ ДАР ТОҶИКИСТОН МУСТАҚИЛ АСТ"

Аммо Абдусаттор Холов- муовини раиси Кумитаи амният ва дифоъ дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон гуфт, ки додгоҳ дар Тоҷикистон мустақил аст ва наметавонад як нафарро бе доштани далели муътамад зиндонӣ кунад.

Абдулло Ҳабибов
Абдулло Ҳабибов
Ин ҳам дар ҳолест, ки сару садо ва тафсиру тахминҳо нисбати қазияи ин халабонҳо баъди содир шудани ҳукми додгоҳ дар расонаҳо хомӯш намешавад ва бархе аз сиёсатмадорони баландмартабаи Русия ҳам ошкоро аз паёмадҳои номатлуби зиндонӣ шудани ин ду ҳавонаварди русӣ ва эстонӣ сӯҳбат мекунанд.

Зимнан вокунишҳои сиёсатмадорони тоҷик низ ба ин қазия аз ҳам тафовут дорад. Бархе аз сиёсатмадорон бар ин назаранд, ки дар қазияи ин ҳавонавардҳо бояд аз ин дидгоҳ наздик шуд, ки вуруди онҳо то чӣ ҳад ба амнияти Тоҷикистон латма ворид кардааст.

"ХИДМАТИ ХИРСОНА" БА РАВОБИТИ ТОҶИКИСТОНУ РУСИЯ?

Абдулло Ҳабибов, собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоле, ки Тоҷикистон ва Русия ҳамвора худро шарикони роҳбурдӣ арзёбӣ мекунанд ва дар ҳоле, ки ин ду кишвар дар бисёре аз созмонҳои минтақаӣ аз ҷумла созмони низомии Паймони амнияти дастаҷамъӣ ё ОДКБ узвият доранд, чунин тарзи бархӯрд наметавонад бидуни паёмад бимонад.

ҲоҷӢ Акбар Тураҷонзода
ҲоҷӢ Акбар Тураҷонзода
Ва аммо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, собиқ муовини аввали сарвазири Тоҷикистон ҳукми додгоҳи вилояти Қӯрғонтеппа нисбати ин ду ҳавонаварди рус ва эстониро як навъ хидмати хирсона дар равобити Тоҷикистон ва Русия арзёбӣ кард. Оқои Тӯраҷонзода гуфт, роҳҳои беҳтари ҳалли ин қазия вуҷуд дошт, ки муносибат ва алоқаҳо бо Русияро ҳамвор ва беғубор созад.

"АЗ ПАШША ФИЛ СОХТАН"

Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе дигар аз коршиносон вокунишҳои шадиди мақомоти Русия ба қазияи зиндонӣ шудани ҳавонавардон дар Тоҷикистонро бо мақоли мардумии аз «пашша фил сохтан» таъбир мекунанд.

Сӯҳроб Шарифов- раиси Маркази таҳқиқоти стратегии вобаста
Суҳроб Шарифов
Суҳроб Шарифов
ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки бархе аз сиёсатмадорони рус ҳамоно пойбанди амбисияҳои империалистонаи замони шӯравӣ боқӣ мондаанд, дар ҳоле ки қазияи мазкур сирф ҳуқуқист.

Бархе таҳлилагарон ҷасорати Тоҷикистонро дар баробари фишорҳои ахири Русия қобили таҳсин мешуморанд, вале бархи дигар ин амалро ҳамчун аломати то рафт густариш ёфтани ҷуғрофиёи шарикони Тоҷикистон дар хориҷ аз қаламрави Шӯравии собиқ мешиносанд.

Ба эътиқоди коршиносон, иқдоми давлати Тоҷикистон носанҷида нест, чун Русия бо ворид кардани фишори бештар метавонад дар тасмимгириҳои давлати Тоҷикистон нисбати пойгоҳи низомии ин кишвар тағйирот ворид кунад ва гузашта аз ин, ин амал як навъ посух аз тарафи Тоҷикистон ба мавзеъгирии Русия нисбати нерӯгоҳи Роғун аст, ки на бар суди Тоҷикистон буд.
XS
SM
MD
LG