Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суриягиҳо дар Қоҳира ба мухолифини Асад ҳамла карданд


Ҳайати мухолифини ҳукумати Сурия дар канори бинои намояндагии Лигаи кишварҳои араб дар шаҳри Қоҳира мавриди ҳамлаи гурӯҳи одамон қарор гирифт. Дар ин бино бояд онҳо бо раиси Лига мулоқот мекарданд.

Ҳамлагарон гуфтанд, далели чунин бархӯрдашон бо мухолифин он аст, ки ин афрод намояндаи мардуми Сурия нестанд.

Ба иттилоъи фаъолони мухолифин, дар натиҷа фақат як нафар - узви Кумитаи милли ҳамоҳангсозӣ Ҳасан Абдул Азим тавонист, ки бо раиси Лигаи кишварҳои араб Нобил Ал-Арабӣ мулоқот кунад.

Ба иттилоъи СММ, дар Сурия бар асари саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Башар Асад дасти кам севу ним ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG