Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Итолиё аз ҳукумати Берлусконӣ пуштибонӣ кард


Парлумони Итолиё бо бештари раъйҳо аз тарҳи нави буҷа пуштибонӣ кард ва ба ин васила ба ҳукумати Силвио Берлусконӣ изҳори эътимод кард. Ва аммо ҳамзамон ҷонибдорони Берлусконӣ аз аксарияти кулл дар парлумон маҳрум шуданд – бархе аз вакилони аз эътилофи ҳоким аз раъйдиҳӣ худдорӣ карданд.

Аз ин пеш Умберто Боссӣ, раҳбари “Лигаи Шимол”, яке аз ҳизбҳои шомили эътилофи ҳоким, хостори истеъфои Берлусконӣ шуда буд.

Итолиё чун Юнон дар вартаи бӯҳрони шадиди қарз қарор дорад. Бонки марказии Аврупо дирӯз хабар дод, ки ҳамроҳ бо Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул мониторинги ислоҳоти иқтисодӣ аз сӯи ҳукумати Италияро баргузор мекунад.
XS
SM
MD
LG