Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акбари Турсон -- барандаи ҷоизаи Манучеҳри Фарҳангӣ


Акбари Турсон, донишманди тоҷик
Акбари Турсон, донишманди тоҷик

Донишманди тоҷик барои асари “Эҳёи Аҷам” барандаи ҷоизаи Бунёди Манучеҳри Фарҳангӣ шуд.

Акбари Турсон дар як тамоси телефонӣ ин хабарро таъйид кард ва гуфт, Бунёди байнулмилалии Манучеҳри Фарҳангӣ асари “Эҳёи Аҷам”-и ӯро дастоварди муҳими илмӣ донистааст. Вай афзуд, китоби “Эҳёи Аҷам” дар соли 1984 ба чоп расида, бештар ба равобити сиёсии Шарқу Ғарб ва ҷойгоҳи фалсафа дар ҷомеа ихтисос ёфта буд.

Ин барои бори дуввум аст, ки осори донишмандони тоҷик барои дарёфти ҷоизаи Бунёди байнулмилалии Манучеҳри Фарҳангӣ, ки мақарраш дар Ипониёст, шарафёб мешаванд.

Соли гузашта як гурӯҳ аз донишмандони Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Ғафуров низ барои китоби “Донишномаи Сомониён” барандаи ин ҷоиза шуданд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:53 0:00
Линки мустақим


Акбари Турсон, донишманди саршиноси тоҷик, пас аз понздаҳ соли зиндагӣ дар Иёлоти Муттаҳида бо давъати мақомоти Тоҷикистон ба кишвар баргашт ва ҳоло раёсати Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва осори хаттии вобаста ба Фарҳангистони улумро бар дӯш дорад.

Вай мегӯяд, ҷоизаи Бунёди байнулмилалии Манучеҳри Фарҳангӣ як ҷоизаи пулӣ буда, онро фарзанди оқои Фарҳангӣ ба ӯ супоридааст. Манучеҳри Фарҳангӣ, ки тоҷири башардӯсти эронӣ будааст, соли 2008 дар Испониё кушта мешавад ва тамоми дороии ӯ бар пояи васияташ барои омӯзишу парвариш ва рушди илм сарф мегардад.

Бисёриҳо ҷоизаи Бунёди байнулмилалии Манучеҳри Фарҳангиро бо номи “Нобел”-и эронӣ ҳам мешиносанд.
XS
SM
MD
LG