Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Хатлон ҳукми халабонҳоро эълом мекунад


Интизор меравад, имрӯз додгоҳи вилояти Хатлон ҳукми ду халабони як ширкати русиро эълом кунад, ки ба қочоқ ва убури ғайриқонунии марзи Тоҷикистон ва нақзи меъёрҳои байналмилалии парвоз муттаҳам мешаванд. Владимир Садовничий шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстония ба он муттаҳам мешаванд, ки моҳи марти соли равон бе огаҳии қаблӣ бо ду ҳавопаймои Ан-72 аз Афғонистон вориди Тоҷикистон шуданд. Додситонӣ мегӯяд, халабонҳо санадҳои лозими ҳавопаймоҳоро надоранд ва аз додгоҳ хостааст, ҳардуро ба 13 соли зиндон маҳкум кунад. Аммо халабонҳо мегӯянд, гуноҳе надоранд ва бо ризоияти мақомоти Тоҷикистон дар Қӯрғонтеппа фуруд омаданд.
XS
SM
MD
LG