Хабарнигори "Озодӣ" дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ҳоло кормандони ниҳодҳои интизомӣ ва оташнишонӣ дар ҷои ҳодиса қарор доранд ва ин қазияро таҳқиқ мекунанд.
Ӯ афзуд, дар натиҷаи инфиҷор мошини ҳомили газ, ки марбут ба ширкати “Кӯлобнафтрасон” будааст, сӯхта ва як мошини дигар ҳам зарар дидааст. Вале ягон нафар дар пайи ин ҳодиса кушта ва ё мавриди оташсӯзӣ қарор нагирифтааст.
Мақомот мегӯянд, то ҳол таҳқиқи ин қазия идома дорад ва хисороти ворида дар пайи ин таркиш ҳанӯз ҳисоб нашудааст.
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, дар як ҳафтаи ахир нархи бензини навъи 92 ба ҳафтуним сомонӣ расид. Илова ба ин, пайдо кардани бензин дар нуқтаҳои бензинфурӯшии Кӯлоб ҳам мушкил гардидааст. Ин аст, ки ба қавли ӯ, талаботи ронандаҳо барои истифода аз гази моеъ афзудааст, ки қиматаш дар баробари бензин арзонтар аст.