Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент Раҳмон: “Қонуни асосиро эҳтиром кунед!”


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни ироаи паёми табрикотиаш бахшида ба 17-умин солгарди Қонуни асосии кишвар изҳор дошт, ки “Конститутсия унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар ва муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат мебошад.”

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид карда, ки “маҳз Конститутсия ба таъмини озодиву ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла озодии сухан, озодии виҷдон ва амсоли инҳо кафолат медиҳад.”

Ҷаноби Раҳмон ҳамзамон аз шаҳрвандони кишвар даъват кард, ки Қонуни асосии кишвар ва талаботу меъёрҳои онро эҳтиром ва риоят кунанд. Дар ғайри сурат, афзудааст вай, баъид аст, ки ба эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд даст ёфт.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:15 0:00
Линки мустақим


Аммо бештари коршиносон ва таҳлилгарон бар ин назаранд, ки дар Тоҷикистон на танҳо қонунҳо камтар риоят мешаванд, балки дар бештари мавридҳо ирода ва дастури мансабдорон ва масъулин аз талабу меъёри мавҷуда афзалтар шуморида мешавад. Афзун бар ин, маҳз ҳамин мақомдорон ҳастанд, ки худ дар нақзи қонун ва муроот нашудани меъёрҳои пазируфташуда нақши бештар мебозанд.

Дилбар Самадова
Дилбар Самадова
ДИЛБАР САМАДОВА, коршинос дар умури сиёсӣ, бо такя ба мушоҳидаҳои худ мегӯяд, ки ҳарчанд масъулини баландпоя, ки худ бояд нозир ва иҷрокунандаи қонунҳо бошанд, дар нақзи онҳо ва поймол гардидани ҳуқуқҳои шаҳрвандон сабаб мешаванд. Вай афзуд, дар ҳоле ки халқ манбаъ ва сарчашмаи асосии ташаккули ҳокимият талаққӣ шудааст, аммо куллия интихоботҳо дар Тоҷикистон ба маҳзи мудохилаи масъулин ғайришаффоф ва пур аз тақаллуб баргузор мешавад.

Хонум Самадова афзуд, дар ҳоле ки дар Қонуни асосии кишвар раисиҷумҳур ҳамчун кафили якпорчагии давлат таъкид шуда ва ҳудуди ин ҷумҳурӣ тағйирнопазир дониста мешавад, порае аз хоки ватан бар рағми ин талаботи Қонуни асосӣ ба Чин вогузор шуд.

Кӣ бештар қонуншиканӣ мекунад: Мардум ё мақомот?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:41 0:00
Линки мустақим

Муҳаммадалӣ Ватанов
Муҳаммадалӣ Ватанов
МУҲАММАДАЛӢ ВАТАНОВ, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, даъват ба риоят ва эҳтироми Қонуни асосӣ барои ҳамаи шаҳрвандон новобаста аз мавқеи иҷтимоии онҳо дахл дорад. Вале агар нафари мансабдор ҳуқуқи як нафари оддиро нақз кардааст, боз ҳам ниҳодҳои болотаре ҳастанд, ки метавонанд дар ин мушкилӣ расидагӣ кунанд.

Оқои Ватанов, ки дар гузашта чанд соле ҳам муовини раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон буд гуфт, дар бештари маворид ин шаҳрвандони оддӣ ҳастанд, ки бо нақзи ҳуқуқҳои ҳамдигар гоҳо то ба ҷиноят мекашонанд.

Қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 1994, замоне ки дар кишвар ҷанги дохилӣ идома дошт, бо баргузории як раъйпурсӣ қабул карда шуд. Сипас, дар солҳои 1999 ва дар соли 2003 ба он ислоҳот ва тағйирот ворид карда шуд. Дар ҳоли ҳозир низ гуфта мешавад, як тарҳи тозаи Қонуни асосӣ дар дасти баррасии ҳукумат қарор дорад, ки яке аз муҳимтарин нукоти он коҳиши ихтиёроти густардаи раиси ҷумҳурист.
XS
SM
MD
LG