Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Сурия эълони афв кард


Имрӯз телевизиони давлатии Сурия эълон кард, онҳое, ки силоҳи худро то 12 ноябр таслим мекунанд, афв хоҳанд шуд. Даъвати мазкур ба дорандагон, фурӯшандагон, тақсимкунандагони силоҳ ва ҳамчунин онҳое марбут аст, ки касеро накуштаанд. Афви якҳафтаина рӯзи шанбе шурӯъ мешавад. Мақомоти Сурия бо истифода аз зӯр шурӯъ аз миёнаҳои март эътирозҳои зиддиҳукуматиро дар саросари кишвар пахш мекунанд, ки бино ба иттилои СММ, аз он замон то имрӯз на камтар аз се ҳазор нафар кушта шуданд. Эълони афв баъди он карда шуд, ки Сурия бо нақшаи сулҳи пешниҳодкардаи Лигаи кишварҳои Араб мувофиқат кард.
XS
SM
MD
LG