Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суриягиҳо имрӯз аз нав ба хиёбонҳо мерезанд


Интизор меравад, ки дар Сурия имрӯз, баъд аз намози ҷумъа, намоишҳои густурдаи зиддиҳукуматӣ баргузор шаванд. Раҳпаймоиву гирдиҳамоиҳо бояд намоиш диҳанд, ки Димишқ то куҷо ба ваъдаи ба Лигаи кишварҳои араб супурдааш содиқ аст.

Рӯзи чаҳоршанбе нахуствазири Қатар Ҳамад бин Ҷосим ал-Танӣ баъд аз нишасти Лига кишварҳои араб дар шаҳри Қоҳира изҳор намуд, ки Димишқ бо тарҳи ин созмон мувофиқат кардааст ва бар пояи он нерӯҳояшро аз ҳама шаҳрҳо берун мекунад, ба афроди дар ҷараёни намоишҳои эътирозӣ боздоштшуда раҳоӣ мебахшад ва барои инъикоси ҳаводиси кишвар аз сӯи расонаҳои хориҷӣ монеъ намешавад.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи Маркази дидбони ҳуқуқи башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, дирӯз дар шаҳри Ҳомси Сурия бар асари аз сӯи нерӯҳои ҳукумати тирборон шудани тазоҳургарон дасти кам 20 нафар ба ҳалокат расиданд.

Намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Башор Асад дирӯз дар шаҳрҳои Ҳома ва Иғлиб ҳам баргузор шуданд.
XS
SM
MD
LG