Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин қарори раиси нави Бонки Марказии Аврупо


Бонки Марказии Аврупо дар як иқдоми ғайриинтизор имрӯз баҳраи бонкиро аз 1,25 дар сад то ба 1,5 дар сад поин бурд, то ба иқтисоди заъифшавандаи минтақа нерӯ бубахшад. Марио Драгӣ, мудири нави бонк дар як нишасти хабарӣ гуфт, дурнамои манфии иқтисоди кишварҳои ҳавзаи евро сабаби ин тасмим шуд. Рушди иқтисодии кишварҳои ҳавзаи евро зоҳиран дар семоҳаи охири соли равон кунд хоҳад шуд ва ҳадаф аз поин овардани баҳраи бонкӣ монеъи рукуди иқтисоди шудан дар минтақа аст. Марио Драгӣ ин ҳафта ҷойгузини Жан Клод Тришет шуд, ки ӯ ҳафт сол раиси Бонки Марказии Аврупо буд.
XS
SM
MD
LG