Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои олии низомии Миср мӯътаризонро афв мекунад


Шӯрои олии низомии Миср дар бораи афви 334 нафаре, ки аз ибтидои намоишҳои эътирозӣ аз сӯи додгоҳи низомӣ маҳкум шуда буданд, тасмим гирифт.

Дар изҳороти ин ниҳоди ҳоким дар Миср дар шабакаи иҷтимоии Facebook гуфта шудааст, ки ҳадаф аз афв – идомаи муколама миёни ҳукумат ва “мардуми бузурги инқилобии Миср” аст.

Ва аммо дар ин изҳорот дар бораи кай маҳбасҳоро тарк намудани маҳбусон чизе гуфта нашудааст. Ному насаби афвшудагон низ алҳол маълум нест.

Аз аввалҳои сол, ки намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак шурӯъ шуданд, дар Миср дасти кам 12 ҳазор нафар аз сӯи додгоҳи низомӣ барои мӯҳлатҳои гуногун маҳкум ба зиндон шуданд.
XS
SM
MD
LG