Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бар асари таркиш дар Басра 8 нафар ба ҳалокат расиданд


Дар шаҳри Басра, воқеъ дар ҷануби Ироқ, бар асари таркиши мотосиклҳои ҳомили маводи мунфаҷира дасти кам 8 нафар кушта ва беш аз 20 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ба иттилоъи полиси маҳаллӣ, афроди ношинос мотосиклҳоро дар маркази шаҳр мунфаҷир карданд.

Сатҳи хушунат дар Ироқ назар ба солҳои 2006 ва 2007 хело пойин рафтааст вале ҳамоно баланд боқӣ мемонад. Моҳи гузашта бар асари ҳамлаҳои интиҳорӣ дар Ироқ дасти кам 258 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG