Додгоҳе дар шимолуғарби Қазоқистон як додраси ин минтақаро, ки бо иттиҳоми иртибот бо созмонҳои тундрав аз мақомаш сабукдӯш шуд, бегуноҳ донист. Ба гузориши бахши қазоқии Радиои Озодӣ, додгоҳи низомии шаҳри Оқтуба, ҳукм кардааст, ки Оғизбек Тулаганов, ҳеҷ гуна иртиботе бо кадом гурӯҳи тундгаро надорад ва дар ҳеҷ санади пешниҳодии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон, номи ин додрас вуҷу надорад. Оғизбек Тулаганов, додраси додгоҳи Оқтубаро, бо ин гуфта, ки гӯё пайваста ба як масҷиди шаҳр рафта бо аъзои Таблиғи Ҷамоат, як созмони ифротгаро мулоқот мекардааст, аз мақомаш сабукдӯш карданд. Худи ӯ мегӯяд, як мусулмони эътиқдоманд аст, вале бо ҳеҷ гуна гурӯҳи терористӣ ва ё тундрав иртибот надорад.